Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте ба ҳамдигар наздик шуданд:
– Ист, бой! – гуфт яке аз он панҷ тан, ки ҳоло аз байни ёронаш каме пеш баромада, аспашро нигоҳ медошт.
– Аброр?! – наъра кашид Усмон Азиз.
– Бале, худатон нағз медонед, Аброр номам. Ман дар хизмати шумо, тақсир, – бемалол неш зад ў.
– Аз рўзи аввал ба ту саг бовар намекардам.
– Ман ҳам...
– Туро сиҳат-саломат ҷавоб доданам кам буд?
– Албатта!
– Пас чӣ мехоҳӣ боз?
– Мехоҳам, ки бисёр налақида, таслим шавӣ.
– Ин орзуи як сифлаи ноасл!
– Не-е, бой, ин ҳукми қазову қадар...
– Шушкихўр! – ҳама рагу паяш таранг гардида, боз дар фиғон омад Усмон Азиз.
– Парто силоҳатро, – гуфт ором Аброр.
– Ана ба ту силоҳ! – дод зад ў ва акнун оташ кушодан мехост, ки банди дасташ сўхта, маузер ба пеши пои сиёҳмушкин афтид.
Асп тарсида, чароғпоя шуд.
Ва дар ин лаҳза Ғуломҳусайн оқибати худро ниҳоят фаҳмида, камон бардошту пушти гардани Усмон Азизро ба нишон гирифта:
– Фи-иреб ка-ардӣ ма-аро, ба-андӣ ка-ардӣ... – гўён дар як нафас тир андохт...
...Он воқиа дар ҳамин гуна рўзи равшани баҳорон рух дода буд. Рама нав аз чаро баргашта, атроф пур аз маоси мешу бараҳои ширмак мешуд. Дар оташдонҳо алав даргирифта, бўи дуди ҳезуми арча меомад. Сагҳои калон-калони гўшу думашон бурида, ки он бегоҳ низ дар қатори чўпонҳо рамаро бе осеб ба авул расонда буданд, пас аз хизмати бардавоми рўзона ҳар ҷо-ҳар ҷо лоқайд дароз кашида, ба чашмони нимпўш ғанаб мерафтанд. Аҳли авул ҳама машғули кори худ метофтанд, – ҷунбуҷўл доштанд.

пешина
аз 551
навбатӣ