Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Нохост атроф хомўш гардид. Ба дараҷае хомўш гардид, ки гўё бод ҳам дигар намевазид. Усмони хурдсол, дар даст чанд буҷул, намедонад аз ин сукунати вазнин тарсида, ё ҳайрон шуда, аввал ба кўдакони пойлуч нигарист, ки то ҳол ҳамроҳаш бозӣ мекарданд. Аммо дар чашми онҳо ба як ваҳму таҳлука дучор омада, гаранг... ба гирду пеш назар андохт.
Нигоҳи вай падарашро меҷуст – куҷост ў, чӣ воқиа рўй дод?
Лекин Усмон ба ҷои падар ду ҷондори барояш ношиносро дид; ду ҷондори яке хурду дигаре бузург... Онҳо дар ёлаи тали сабз қариб ба ҳам часпида, паҳлу ба паҳлу меистоданд ва мағрур сар афрохта, авулу авулакиҳоро ба муоина мегирифтанд. Ранги ала-була доштанд; аз ҷой намеҷунбиданд.
Нигоҳашон вазнин, сер ва фориғбол буд.
Баъд ҷонварҳо тоб хўрда, оҳиста қафо гаштанд.
Пўсти раҳ-раҳ зарду сиёҳи онҳо дар муҳити талҳои сабзу осмони нилобӣ зарандуд метофт...
Усмон дар тори сараш як дасти гарм ва навозишкорро эҳсос карда, боз машғули бозӣ шуд.
– Паланг!
Аҷабо, овози падараш...
Ва акнун ин манзара дар пеши чашмонаш аз нав зинда гардида, ў дар болои асп печутоб мехўрд. Сиёҳмушкин ҳеҷ чизро нафаҳмида, пойкўбон дар гирди худ чарх мезад. Саворон аз ҳар ду ҷониб хомўшу беҳаракат меистоданд.
Усмон Азиз, дар машомаш бўи сабзаву бараҳои навзод ва ширу қаймоқи авули Барвеш, ҳама вуҷудаш аз ёди кўдакиву зарби ҳалоҳили тир тапида, фикр мекард, ки он ду паланги оча-бача аз вай бисёр не, як қадам...
Танҳо як қадам дуранд.
Ниҳоят Усмон Азиз:
– Ман бе гумон ангушти зиёди панҷаи тақдир будаам дар ин дунё! – гуфт зери лаб.
Ва аз хонаи гарми зин канда шуда, оҳиста ба замин, ба рўи майсаву лолахасакҳои саросар шукуфон ғалтид.
1983–1984

пешина
аз 551
навбатӣ