МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Вай бешитоб пой монда, ба кулбае ки аз ду хонаи пастак ва як айвончаи назарногир ба ҳам меомад, сархам наздик мешуд.
– Гумон мебарӣ, ки дили ман намесўзад? Чунон месўзад, ки… Эҳа-а! Лекин ғам хўрдан ҳад доштагист. Дар ин аҳвол то омадани Наврўз худатро обу адо мекунӣ...
Хадича ҳамчунон хомўш буд.
– Ду сол чист, – ҳа нагуфта мегузарад. Наврўз сиҳат-саломат меояд...
Онҳо акнун дар пеши суфаи айвонча рўбарў меистоданд.
Бонги хурўсон қатъ мегардид. Ҳаво чун шишаи нафис равшан ва беғубор буд.
Усто Қамчин белро аз китфаш фуроварда, ба маънии аз паи кор шудан лозим риши кўтоҳ қайчӣ задаашро хаёлманд сила кард.
Хадича дар канори суфа нишаста, оҳи бадард кашид. Сипас нигоҳи ғамнокаш ба чанд ҷўя токе ки аз муҳити сабзи онҳо як пардаи сабуки туманосо хоҳам-нахоҳам рафъ мегардид, андармон шуд.
– Наврўзҷон нияти хона сохтан дошт. Мани бадбахт арўсашро оварда, оқибат хотирамро ҷамъ кардан мехостам...
Уф-ф! – Вай даме ба сукут рафт. – Писаракам дар чӣ ҳол бошад? Хаташ ҳам намеояд...
Хадича лаб фурў баст.
Усто Қамчин, ки ба ин намуд ҳасрат кардани ўро на як бору ду бор шунида буд, табъаш боз ҳам хиратар шуд. Вай барои тасаллӣ додани Хадича сухани муносиб наёфта, нигоҳашро ба як ғарам чўбу тахта шикаст, ки чанд қадам дуртар, дар таки девори сархораш ғалтида ва нимфатарот, чанг баста мехобид.
– Бел бардошта омадаӣ? – гуфт ниҳоят Хадича, вазнин бархоста. – Маълум, ки обдорӣ кардан мехоҳӣ… Ахир навбатат расид?
– Ҳа-а... аз боғат хабар гирам, мабодо ягон даҳана маҳкам бошад...
Хадича ба рўи вай мулоим назар афканд ва дар як ҳисси дардомез аз дил гузаронд, ки пирӣ ба гиребони Қамчин ҳам чанг задааст, ришаш кайҳо мошубиринҷ... Бисту панҷ сол қабл чусту чобук буд вай, бақувват буд; ришашро ҳама вақт тоза тарошида мегашт; чунин менамуд, ки синаи барҷаставу китфони гирдаи ў дар куртаи аскарӣ ҳаргиз намегунҷанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо