Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Тайёр шав, Хадича, имрўз об мехўрем.
– Ман тайёр...
– Якта-нимта даҳана маҳкам бошад, кушода монам. Ташвишат камтар мешавад.
– Ҳамааш кушода.
– Хайр, рафта бинам, – лабханд кард усто Қамчин, белро ба сари китфаш гирифта, – гуфта намешавад...
– Ихтиёрат... – Хадича аз дунболи ў оҳиста қадам партофт. – Ҳамааш вобаста ба об... Об бошад, обдорӣ кардан ҳоло аз дастам меояд.
– Об мешавад, ҳатман мешавад. Ман дирўз ба мироб гап зада будам. Навбати ту баъди Тоҳир...
Онҳо лаблаби ҷўйчае ки то обмўрӣ тўл мекашид, ба саргаҳи боғ расиданд. Вале дар он ҷо барои усто Қамчин коре намонда буд. Вай аз сурати Хадича пай бурд, ки ҷўйчаро аз хасу хошок ва баргҳои хушкидаи дарахтон тоза карда, гузаргоҳи обро ҳам ба пои токҳо худаш кушодааст; навдаҳои хамбидаро аз так ҳачча монда бардоштааст, ки ҳангоми обдорӣ хўшаҳои ангур тар нашаванд. Хулоса, тавре кардааст, ки об агар ҳатто ба нохост меомад, ҳеҷ кас набошад ҳам, боғ бемалол об мехўрд.
– Ту пухтакор, Хадича, – гуфт усто Қамчин ва як лаҳза, фақат як лаҳза рўзҳоеро ба ёд овард, ки чӣ тарз ҳамроҳи ў дар боғоти калхоз ба шавқ побел мекард, банд-банд алаф медаравид, сабад-сабад ангур меканд... Хадича дар он айёми дур ҷавон буд. Кори якрўзаи баъзе мардҳоро дар бадали ду-се соат анҷом медод.
– Шояд ба ман ҳам об расад гуфта, дина камтар ҷунбидам. Наврўзҷонам набошад...
– Кори нашуданӣ шуд, – сухани Хадичаро нарм бурид усто Қамчин. Зеро метарсид: мабодо инони гиряро сар диҳад. – Ба гузашта салавот гуфтан даркор. Ин тартиб ғусса хўрдан гирӣ, ниҳояташ... Эҳ! Аз худат гап намемонад, ғами сабил сўҳони умр аст. Нағз не... Ду сол аслан ду ҳафта барин мегузараду меравад! Наврўз ҳам меояд, хона ҳам месозад, арўсашро ҳам меорад.

пешина
аз 551
навбатӣ