МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ин қадар дод зада, маро хуноба накунед, додар. Гуфтам-ку: майлатон… токи ман об нахўрад. Агар хоҳед, баромада ба мардум ҳам мефаҳмонам, ки ҳуда аст,ё беҳуда...
ғайбат накунанд.
– Хафа нашавед, амак. Одати додомро худатон нағз медонед – хас барин вағғӣ дармегиранду баъди ним соат афсўс, ман каҷ рафтам гуфта, пушти даст мегазанд, – дили ўро мебардошт Ҳалим. – Шумо хафа нашавед, иншооллоҳ, ҳамаамон об мехўрем.
Ва Холназар ниҳоят аз дамаш гашт магар, ки аз ҳавлии онҳо дигар садое наомад.
Хадича аз сатил ба таки айвончаву пеши суфа як панҷаяк панҷа об зада, ҷорўбро ба даст гирифт ва сурати афгори Акрами муаллимро, ки чор-панҷ сол боз ба ранҷи ҷонкоҳи устухон мубтало буд, аламангез тасаввур намуда, дар тазйиқи ҳасрат фикр кард, ки дарди вай ҷигарсўз аст, бедавост…
дарди вай фарзанд надидан... Сипас хаёлаш ба он айёме рафт, ки худ яккаву ягонаи падару модар буд, аз ғаму ташвиши рўзгор хабар надошт; гумон мебурд, ки офтоб ҳамвора дар болои сараш тобон ва зиндагӣ...
Пайваста дар назараш басомон мемонад.
Сабаб чӣ бошад… аммо Хадича аз он солҳои дур, аз он даврони дилдузди мозӣ, ки дар паноҳи меҳри падару модар буд, фақат ангораҳои мунаварро дар ёд дорад. Вай дар хотир дорад, ки ҳатто ҳангоми вафоти падар ва баъди ду сол, рўзи марги модараш низ офтоб ба гирду атроф бедареғ нур мепошид, Хадича оби дида мерехту ба димоғаш бўи гулу сабза, бўи замини андак намкашида мерасид. Ва ў гаронии мусибати ба сараш омадаро чандон идрок накарда, дар ҳайрат аз худ мепурсид: падараш-ку даргузашт, вале барои чӣ модараш ҳам дар ин гуна рўзи равшан аз дунё чашм пўшид?
Чаро?.. Вай акнун бе онҳо чӣ мебинад, куҷо меравад?
Хадичаро холааш ба тарбияи худ гирифт ва пас аз ҳафт сол, баъде ки ў синни шонздаҳро пур кард, ба шавҳар дод.
Хадича зани ҳамин Акрам шуда, ба ҳамин манзили имрўзааш қадам гузошт – он вақтҳо ин кулба беҳтарин иморати деҳа ба ҳисоб мерафт... Вай дар иҳотаи занону духтарони хушҳол буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо