Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хадича ҳушу ёдашро ғундошта, аз ҷой хест. Ва ҳамон лаҳза, такроран ба садоҳои ноҷўри атроф рахна андохта, овози Холназар баланд шуд.
– Шумо ҳам оби ишкаматонро ҷунбонда, як бор то сари ҷўи калон рафта биёед, осмон омада ба замин намечаспад! – мегуфт Холназар. – Ё гумон доред, ки ману бачаҳоям шабу рўз хизматгори ҳалқа дар гўшем?!
«Чаро ба он бебаҳра раҳм намекунад? Вай, охир, бародараш-ку! Акрами маҳрум, забонбаста... Ҳурматаш намондааст, таки по шудааст. Холназар ҳамин қабил гапҳои пасту баланд гуфта, ўро тез-тез меранҷонад», – аз дил гузаронд Хадича, ки инак дар бари катак музтар истода, ба мурғони беқарор обу дона медод.
– Не-е, додар, шумоён хизматгор не. Лекин мани номурод чӣ кор кунам? Дарди поям вазнин бошад...
Ин овози паст ва имдодталаб, ки Хадича базўр мешунид, овози Акрами муаллим буд.
– Шумо мудом баҳона меёбед. Дарди шумо мудом сахт, вазнин, беамон... – гуфт дар ҷавоб Холназар.
– Ҳамин дилсиёҳӣ чӣ лозим, додо! Ҳеҷ қисса не, ману Раҳим сари об меравем, шумо дар хона истед. Навбатамон расад, хотирҷамъ обдорӣ мекунед; амакам ҳам, тавонанд, кам-кам ёрӣ медиҳанд.
Инаш овози Ҳалим – писари калони Холназар. Аммо падар сухани ўро гардонда ба даҳонаш зад:
– Ту беадаб ба ман пур ақл нашав! Гапашро бинанд, а!..
Модом ки аз кор монда, ба додарат то сари об мерафта бошӣ, амакат ҳам аз худаш дониста, камтар тараддуд кунад. Ноинсофӣ то чанд?! Солҳо инҷониб қариб кулли ташвишаш дар зиммаи мо...
– Э додар-э! Агар фарзандам мебуд... Ҳаққо, ки шаби торик аст безурётӣ. Хайр, дигар чӣ илоҷ... Чанд ҷўя токи ман об нахўрад – нахўрдааст...
Боз овози Акрами муаллим. Ба ин шикваи ҳамчунон паст, ки дили Хадичаро нохост вайрон кард, овози бами Холназар филҳол ҷавоб гардонд:
– Ҳаминаш намерасид, ки дар касофати ду ҷўя боғи шумо ба лаънати мардум гирифтор шавем!

пешина
аз 551
навбатӣ