МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
ду пал юнучқаро ба Хадича нишон дод ва нигоҳи хастаашро маҷбур гурезонда:
– Инҳо аз они ман, – гуфт ба дард. – Дигараш ҳаққи ту.
Аз имрўз эътиборан хона ҳам дар ихтиёрат.
Хадича мехост ҷавоб гардонад, ки вай як зан аст, ба манзили Акрам ҳақ надорад… Аммо наметавонист, забонаш намегашт; дар сандуқи синааш гўё санги вазнине ҷой гирифта, бераҳмона фишор меовард.
Худи ҳамон рўз Акрам сарулибос ва чанд дафтару китобашро ғундошта, ба хонаи додараш Холназар гузашт, ки ҳамсояи девордармиён буд. Баъд тавора бардошта, он дувоздаҳ ҷўя току ду пал юнучқаро низ ба ҳавлии ў пайваст.
Ҳамин тариқ Хадича бисту ҳашт сол муқаддам бева монд, бекас монд.
Акрам дар юнучқазор хона сохта, дубора зан гирифт.
Лекин то ҳол фарзанд надидааст. Гоҳ аст, ё ногаҳ... ҳар боре ки ба Хадича рўбарў шавад, вай намедонад чашмони гунаҳкорашро куҷо барад. Ҳатто салом-алейк… ё баъзан аҳвол пурсиданаш нимғурма омада, баръало даступо мехўрад. Ва Хадича мехоҳад ҳаргиз ба назари Акрам натобад. Вале кўшишҳои ў аксар барабас мераванд – ҳамсоя ки ҳастанд, онҳо хоҳ-нохоҳ вомехўранд.
...Хадича ба шитоб ҳавлӣ мерўфт. Ва акнун дар пеши чашмонаш як вақт чеҳраи ба дилу дида қарини Наврўз падид ояд, лаҳзаи дигар сурати ғамандуд ва аз зиндагӣ дар шикояти Акрами муаллим намудор мегардид.
Ҳоло қурси офтоб қади арғамчин баланд шуда, тамоми деҳаро дар панҷаи гарми худ мегирифт.
– Гуноҳ аз ман, оча. Агар ҳушёрӣ мекардам, ин фалокат рўй намедод. Гуноҳ аз ман... – гаштаву баргашта мегуфт Наврўз, ки ду қадам дуртар аз милиса ноҳинҷор истода, дастони Хадичаро, ки талх мегирист, ба эҳтиёт аз гардани худ ҷудо кардан мехост.
– Аз тақдир ҷои гурез набудааст… – андак шарм дошта, сархам мегуфт Акрами муаллим.
Дар димоғ бўи хокрўбаи намзадаву дар даст ҷорўб, Хадича беихтиёр калла меҷунбонд. Аммо возеҳ намедонист, ки ба тасдиқи чӣ, ё ба аҳволи кӣ...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо