Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳафт шабу ҳафт рўз боз дар деҳа об меомад. Ҳафт шабу ҳафт рўз боз мардум ба навбат обдорӣ мекарданд.
Мироб марде буд батану тўш ва чаққон. Вай ҳамеша, дар ҳар куҷо бошад, баланд-баланд гап мезад; то ҳадде ки агар ягон одами бегона нохост овози ғафсашро шунавад, ҳатман гумон мебурд – мироб ба касе талош дорад. Чунон ки ин одаташ камӣ мекарда бошад, ў дар тундхўӣ низ – нисбат ба одамони бад албатта – ҷои аввалро мегирифт. Вале дар кораш пухта ва аз кинаву кудурат фарсахҳо дур буд. Ба мардуми каҷсифат зинҳор созиш намекард; дар ҳар вазъият одами ҳақро мукаррам дониста, рафтору кирдори бад ё некро зуд мешинохт... Ба хотири чунин ҷиҳатҳои хубаш бисёриҳо аз пардадаронии вай чашм мепўшиданд. Ва мироб дар деҳа боиси муҳокимаву маломат ҳам намешуд.
Инак ҳамин мард, дар панҷаи фарохаш нўки лаҷом, ба даҳ-дувоздаҳ нафаре ки ҷумла бел доштанду дар қади кўча ба гирди ў ва аспи салташ ҳалқа андохта меистоданд, овози гулдуросии худро бемалол сар дода, гап маъқул мекард. Холназар ва ду писари вай – Ҳалиму Раҳим низ ҳозир буданд.
Усто Қамчин ба онҳо наздик шуд.
– Ана, усто ҳам омаданд, – гуфт мироб, ба оҳанге ки маҳз ўро интизоранд. Сипас бештар ба усто Қамчин нигариста, суханашро давом дод: – Ҳоло навбати Алиқулу Расули гург.
Ҳар ду шаби дароз аз рафти об хабар мегирифтанд; акнун ҳалолашон бод!.. Ман гуфтанӣ, ки ғайр аз шумо дигар ҳама об хўрданд ҳисоб. Боз фақат як рўз дорем. Яъне то бегоҳ...
Ҳаракат кардан лозим, ки дар офтобшинам дигар ҳаққатон намонад. Аз касе домангир нашавед…
– Барои чӣ то офтобшинам? – сухани ўро бурид Холназар. – Мо, охир, даҳ хоҷагӣ, даҳ боғ...
– Ёздаҳта гўед, – луқма дод усто Қамчин.
Холназар баргашта, суоломез ва бетоқат ба ҷониби вай чашм давонд.
– Хадича чӣ? – фаҳмонд усто Қамчин.
– Хайр, ана, ёздаҳта! – калла ҷунбонд ў ва боз ба мироб муроҷиат намуд: – То офтобшинаме ки шумо мегўед, задаву кўфта шаш, зиёдаш ҳафт боғро аз даст баровардан мумкин.

пешина
аз 551
навбатӣ