МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Алиқулу Расули гург аз ин ҳисоб берун. Ҳамин тавр ки бошад, барои чӣ, масалан, то нисфи шаб нею то офтобшинам мегўед?!
– Аввало барои он ки гашти рўз, аз рўи ваъда – худатон ҳам нағз медонед, – навбати работиҳо... Сониян, агар ғирромӣ накарда, ба чашми кас хок напошида, ҳалолу покиза танҳо ба токамон об гирем, ман бовар дорам, ки ягон боғи деҳа хушк намемонад.
– Работиҳо мўли мўлаш... то саҳар интизор шаванд, дунё намекўчидагист, – гуфт Холназар.
– Чӣ, боғи шумо боғу аз они работиҳо не?
– Даррав неш мезанед, а!
– Ҳамин об кушт моро, – зери лаб ғур-ғур кард Тоҳир, ки то ҳол мўйлаби ғулиашро тоб дода, вазнин ба сукут мерафт. – Юнучқаамон-ку маълум – заб-зард... Се-чор ҷўя памидор дорам, ҳеҷ не ки пазад.
– Оби сабил кам бошад, аз дасти ман чӣ меояд! Агар юнучқаи як шумо зард мешуд, ё памидори як шумо напухта мемонд, ба гап меарзид, – гуфт дар иллат мироб, қамчинашро аз соқи мўза берун оварда. – Худатон медонед, ки ду санг оби ин атроф сад тақсим мешавад.
– Рост мегўянд мироб. Ҳар чиз аз рўи будаш, – ба гап даромад Саидмўъмини пакана. – Юнучқа худаш чист?! Памидор чӣ?! Ин дафъа ангурамонро бе ҷанҷол об диҳем, давлати калон. Худо хоҳад, дафъаи дигар...
– Барои шумо юнучқа ҳеҷ чиз не, – сухани ўро бурид Тоҳир, нохост қаҳраш омада. – Памидор ҳам. Чунки шумо боғбони калхоз шудан боз аз ин чизҳо мудом таъминед.
– Аввал ба фаровези даҳонатон нигоҳ карда, баъд гап занед, мулло Тоҳир!
– Сухани ҳақ намефорад, а?
– Хайр, шуд, дилозорӣ фоида надорад – азоби об ба ҳама аён, – гуфт усто Қамчин, худро дар мобайни онҳо гирифта.
Пас ба мироб нигарист. – Аз паи кор шудан лозим. Ба ҳар кас ҷояшро таъин кунед, баромада равем.
– Ман пеш аз омадани шумо сиҳат фаҳмондам. Ҷои ҳама таъин, – гуфт мироб ва пушти гардан хорида, мулоим афзуд: – Аз ҷумла ҷои худатон...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо