Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамаи ин ба як худи вай осон не албатта. Лекин дигар чӣ илоҷ? Агар писараш ранги порсолу парерсол ба таътил меомад, то ҳадде дасти ўро сабук мекард. Вале Маҳмуд ин тобистон наомад. Вай ҳоло дар Қазоқистон, дар кадом савхози ғаллакор. Гўё дар он ҷо қатори ҳамсабақон ба мардуми даравгар ёрӣ мерасонааст...

5 Ягон соат пас тали Тобазор хеле қафо монд. Ҳаво дам ба дам метафсид. Усто Қамчин, сару гарданаш дар зери офтоб арақшор бошад ҳам, худро бардам ҳис мекард. Вай аз рўи одат якта-нимта чўбу чахс ё сангу кулўхи обраҳаро аз пеши пояш дур андохта ва гоҳо ба садои ҷўйбор, ки аз домани теппаҳои на чандон баланди урён тоб хўрда мегузашт, ба шавқ гўш дода, ҳамчунон дар таҳаммул пеш мерафт. Ва баъзан ин ду мисраи ба завқаш муносибро беихтиёр замзама мекард:

Дунё ба мисоли кўзаи заррин аст,
Гаҳ об дар он талху гаҳе ширин аст...

Боз каме раҳ паймуда, ниҳоят усто Қамчин ба Кўшкак расид. Ду-се дақиқа рост истода, ба ҳар ҷониб чашм давонд; нафаси озод гирифт. Пас дар сояи як чанори бузург, ки дуртар аз он мактаби деҳа воқеъ буд, вазнин нишаста, белро дар паҳлуяш гузошт. Аз ин баландӣ чор-панҷ деҳаи гирду атроф ва боғоту заминҳои обчакории калхоз чун дар кафи даст метофтанд. Усто Қамчин хурсанд буд – агарчи ҷўйбор аз даруни чандин ҳавлии кўшкакиҳо мегузарад, ягон кас, тавре ки баъзан рўй медод, беинсофӣ накардааст. Ва дар дил мегуфт: сокинони Кўшкак низ ин дафъа ғайр аз ангур ба дигар чиз об нагирифтаанд. Зеро ба ниҳоли памидор ва юнучқа барин кабудиҳо навбат дертар расад ҳам, давлати калон.
Аммо ангур гапи дигар, ангур бояд ҳатман дар моҳи асад об хўрад. Вагарна аз ҳосили хуб бўи умед нест.
Таки чанор салқин буд.
Усто Қамчин, баъде арақи баданаш тамоман шикаст, дастурўй шуст. Ва аз ноне ки дар миёнбанди худ ҳамроҳ оварда буд, нимтаашро ба чанд қулт оби равон ошомид.

пешина
аз 551
навбатӣ