Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шамоли ҷўйбор ба тану ҷони вай ҳаловат мебахшид, чашмонаш хўи хоб мекарданд...
– Ассалому алайкум, амак!
Аз ин овозе ки пайваста ба шилдироси об ногаҳон ба гўшаш расид, усто Қамчин зуд чашм кушода, рўбарў як ҷавони навчаро дид, ки дар даст рубоб, лоқайд рост меистод.
– Ғанаб бурдааст-ку, – дида молида, гуфт ў зери лаб ва китф аз танаи чанор канда, сабук хамёза кашид. – Ваалайкум ассалом...
Равшании офтобу куртаи норанҷии ҷавон чашмони хоболуди усто Қамчинро лаҳзае хира карданд.
– Маро нашинохтед, а?
– Не-ку...
– Ман ба писаратон мехонам, ба Маҳмуд... Порсол, вақти таътил, як бор дар хонаатон будам.
Бо вуҷуди чунин маълумот усто Қамчин ҷавонро нашинохт – ба хонааш рафтани ўро умуман дар хотир надошт – ва пурсид, ки вай аз кадом деҳа.
– Аз Такоб, – гуфт ҷавон.
– Писари кӣ мешавӣ?
– Писари Ҷаббор.
– Кадом Ҷаббор? Ҷаббори мусича?
– Не-е... – табассум кард ҷавон.
Ба симои гандумгуни усто Қамчин низ табассум дамид.
Ў хушнуд аз дил гузаронд, ки дар ин гирду атроф қатори аксарият қариб ҳамаи ҷабборҳо лақаб доранд. Ҷаббор... Кадом Ҷаббор? Камаш вай даҳ Ҷаборро медонад. Агар хато накунад, дар Такоб фақат ду Ҷаббор ҳастанд – Ҷаббори куҷо монам ва Ҷаббора мусича.
– Додот нағз?
– Бад не, ҷунбида гаштаанд.
– Кору бораш куҷо монам будагист...
Ҷавон аз усто Қамчин чашм гурезонд, гўё ранҷид.
– Ту хафа нашав, мани калону гарон ҳам лақаб дорам.
Медонӣ албатта…
– Медонам, – хандид ў ба оҳанги шарм.
– Пас шунавем, лақаби ман чӣ? – Усто Қамчин дар як шавқи зиёда ба чеҳраи гарми ҷавон менигарист.

пешина
аз 551
навбатӣ