Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хар, гўшҳояш латтавор овезон, аз чашмони ғамнокаш об шорида, саги чўбхўрда барин гунаҳкор ба соҳибаш менигарист.
Пас аз каме Қурбон аз хаймаи Усмон Азиз берун шуда:
– Ҷалол! – гуён ба имову ишора ўро ҷеғ зад. Ва Ҷалол чойҷўшу дастархони пур аз гўшту кулча ва тухми пухтаву мавизи сиёҳро бардошта, рўболо давид.
– Зуд дигар шудӣ, а! – гуфт Қурбон, даме ки вай чун бод аз паҳлуяш мегузашт.
Ҷалол ба ҷониби ў як чашм песонда, чаққон ба хайма даромад. Ғуломвор таъзим карда, ба хоҷааш салом дод. Ва дастархонро кушода, нозу неъмати онро ҷо ба ҷо монда:
– Боз шир ҳаст, асал ҳаст, – гуфт. – Ҳозир меорам.
– Лозим не, – ба абрувони пайвасташ бештар гиреҳ андохт Усмон Азиз, – худатон хўред. – Сипас ҷомаашро, ки лўнда шуда, дар рўи гилем мехобид, чанг зада, кароҳатомез ба пушти болини паҳлуяш партофт. – Вай ҳамин ҷо?
– Кӣ? – нафаҳмид Ҷалол.
– Ҳалимбой!
– Ҳа-а, – гуфт ў ва аз ваҷоҳати Усмон Азиз ба тахтапушташ сардӣ давидаву кафи дастонаш арақ бароварда, базўр пурсид: – Чой резам?
– Худам панҷа дорам, – ғурунгид Усмон Азиз. – Ту рафта, ба он бандаи ношукр гўй, ки назди ман дарояд.
– Кӣ? – чашмонаш пир-пир парида, ба овози ларзон пурсид Ҷалол. Ва ҳамоно хаёл кард, ки қомати кўтоҳаш аз теғи нигоҳи Усмон Азиз боз ҳам кўтоҳтар мешавад. – Қурбон?
– Аҳмақ, – гуфт ў, чойҷўшро пештар кашида. – Ҳалимбойро ҷеғ зан! Аблаҳ набошӣ...
Ҷалол, даст ба рўи сина:
– Хуб, фаҳмидам, тавба кардам, – гўён тирвор аз хайма берун рафт.
– Бефаросат, ҳайвон, – гуфт аз қафо Усмон Азиз.
Вақте ки Ҳалимбой дар наздаш ҳозир шуд, вай дар дил ба одаму олам лаънатҳо хонда, беиштиҳо чою мавиз мехўрд.
– Гузаред, шинед.
Ҳалимбой такагии лойолудашро дар бари остона аз пой кашида, дар канори дастархон оҳиста зону зад. Усмон Азиз дар пиёлаи дигар чой рехт.

пешина
аз 551
навбатӣ