Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бой аз дасти вай фавран пиёларо гирифта:
– Ба ҷанобашон хизмат шуд, – гуфт дар тамаллуқи ошкоро. – Ман кашам, садқа...
Лекин Усмон Азиз ҷавоб надод. Хомўш буд ў; аз мадхали кушодаи хайма ба берун, ба ёнаи арчазор ва як пора осмони болои он менигарист. Осмон тоза, каб-кабуд ва ниҳоят баланду пурасрор буд. Дили ба тазйиқ омадаи Усмон Азиз мехост, ки дар ин саҳари баҳорон аз қафаси сина берун ҷаста, дар сатҳи он паҳнои беолоиш ва дур аз ғаму ташвиши дунё...
сабук ба парвоз ояд; дар мағз-мағзи ранги лоҷувардӣ ва чун пари қу нармаш ҳал шуда, дигар ба ин замини саросар гуноҳ барнагардад.
Аммо баланд аст осмон, охир надорад. Ва дасти Усмон Азиз ҳаргиз ба вай намерасад!
Ҳалимбой ба шиму кители дорчинранги аз мўинаи ангилисӣ ҳарбиёна дўхтаи зебо, китфбанду тасмаи чармини сербар, ғилофи чўбини маузер... ду тирдони низ чармини ба тасма ҳамоил ва мўзаи аълосифати Усмон Азиз гоҳо назар давонда, нигоҳаш таҳтан лус, ба сад андеша мерафт. Ҳама вуҷудаш дар қабзаи як эҳсоси нохуш монда, фикр мекард, ки ў дар сар чӣ хаёл дорад. Ҳоло ба вай чӣ мегўяд? Сабаб чист, ки дар муддати ин се рўз табъаш гўё соат ба соат хиратар мегардад? Ғамгинанд чашмони сиёҳ ва тезаш...
– Ҷанобашон бемор-ку нестанд? – пас аз дудилагии зиёд пурсид ниҳоят Ҳалимбой.
– Бале, ман беморам, – гуфт Усмон Азиз, ки ҳамчунон ба арчазори сабзу осмони кабуд менигарист.
– Ягон ҷояшон дард мекунад?
Мисли он ки моту мабҳут шуда бошад, Ҳалимбой аз ришу мўйлаби қиргун ва ба ҳавсала шоназадаи ў чашм канда наметавонист.
– Не, ҳеҷ ҷоям дард намекунад, лекин дардмандам.
Аз ин сухани Усмон Азиз, ки бисёр баҳасрат ва маънидор садо медод, Ҳалимбой чизе нафаҳмида, сар хам кард.
Вай акнун ба кулчаҳои ширмоли рўи дастархон, ки субҳи содиқ занашу синҳораш пухта буданд, ҳарисона чашм дўхта, дар як алами ҷигарсўз оқибати худро меандешид. Имрўз набошад, пагоҳ оилаи ўро ҳам ба калхоз даро мегўянд; ё кӣ медонад, аз рама-рама бузу гўсфандаш ҷудо карда, ба ғарибӣ мефиристанд.

пешина
аз 551
навбатӣ