МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ҷавон эҳимол хиҷолат кашида, акнун ба дарознои ҷўйбор менигарист.
Баргҳои чанори солхўрда, ки ба сари усто Қамчин беминнат соя меафканд, инак аз дами боди ногаҳон беқарор шуда, шибир-шибир садо меоварданд.
Оби ҷўйбор дар шилдироси рўҳнавози хеш сония мешумурд. Усто Қамчин ба нағмаи он гўш дода, дар дил мегуфт, ки пас Маҳмуд, писари вай, ба ихтиёри худаш Қазоқистон рафтааст. Агар ҳамин тавр карда бошад, кори хуб кардааст... Баъд дар пеши назари ў як нафас сурати Маҳмуд падид омад – вай савори камбайн буд, дар дашти тиллоранги беохир ғалла медаравид; ғалла медаравиду дар лабони базебаш пайваста табассум мешукуфт. Чунин менамуд, ки дандонҳои сап-сафед ва зичи Маҳмуд ба чеҳраи дар зери офтоб қадре тира гардидаи ў нуру сафо мебахшанд.
«Ҳеҷ гап не, – хаёлан ба фарзандаш муроҷиат кард усто Қамчин, – ҳарчанд душвор аст, ман худам ғами зимистонро мехўрам. Ту парешон нашав, хотиратро ҷамъ дор. Ба ман ҳаминаш кифоя, ки коргурез нестӣ. Чунки одам агар меҳнатӣ бошад, мушкилкушо бошад, ба қадри зиндагӣ низ расида метавонад. Ин давлати калон, писарам...»
– Хайр, амак, ман рафтам.
Хаёли усто Қамчин халал ёфт.
– Майлат, – калла ҷунбонд ў ва аз самими қалб илова намуд: – Ба додот салом расон. Усто Қамчини гулдаст шуморо пурсид гўй... Додот, ман ба ту фаҳмондам, як одами хушдил, беғаш… Хулоса, одами бисёр нағз.
Ҷавон ба сухани вай чандон эътибор надода, боз:
– Хайр… – гуфт ва лаванд ба роҳи Такоб даромад.
Такоб қариб ним санг дуртар, дар худи домани кўҳ, дар наздики деҳаи Авлод воқеъ буд.
Усто Қамчин дар чӣ вазъе менишаст, ҳамон тавр як муддат аз қафои ҷавон чашм дўхт. Сипас ба қуллаҳои пўлодранги кўҳе ки дар муқобил, ба канори осмон дакка хўрда, сокит ва мустаҳкам меистод, сабук назар афканду беихтиёр андешид – вай ҳам замоне дар Такоб зиндагӣ мекард, дар ҳавлии хоҳараш Гуландом...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо