Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Аҳволаш чӣ навъ бошад? Кам-кам бетоб аст... Охири баҳор боз ўро надидаам».
...Аз қазо ҷанг сар шуду Қамчин, ки он вақтҳо номашро бе ифодаи усто ба забон меоварданд, ҳамроҳи падараш дар як рўз ба камиссариати ҳарбӣ ариза дода, зуд ба майдони муҳориба рафт. Онҳо, падару писар, дар як полки артиллерӣ хизмат мекарданд, ҳар ду ҳам тўпандоз буданд. Аммо аҷаб, ки агарчанд панҷ-шаш карат дар набардҳои шадид ҷон ба кафи даст мегирифтанд, то ба соҳили Днепр расидан ягон маротиба ҷароҳат набардошта буданд.
Аскарони полк аз паҳлу ба паҳлу ҷангидани падару писар завқ бурда ва аз осебе надидани онҳо хурсанд шуда, дар соатҳои оромӣ ё истироҳат шўхиомез мегуфтанд: шуморо кадом азизу авлиё дар паноҳи худ нигоҳ медоранд... Падари Қамчин, ки синнаш дар таки панҷоҳ буд, гарм механдид. Баъд

хаёлолуд ҷавоб мегардонд:азизу авлиё-ку, хайр, маълум – зоти поканд... Ба ман монад, бигузор шайтон бошаду мо ҳамаро дастгирӣ кунад! Рост мегўӣ, бародар, – розӣ мешуданд аскарон ва оҳ кашида, афсўс мехўрданд, ки имрўз боз чанд нафарро талаф додаанд...
Лекин ба падару писар на кадом азизу авлиё мадад карда тавонистанд, на шайтон – соли сеюми ҷанг гўё дар як вақту соат ба онҳо чашм расид. Қамчин захмӣ шуд. Падараш бешубҳа дар тасодуф ҳалок гардид. Вай, охир, метавонист худро аз тири сўзон эмин дорад, вале... Меҳри падарӣ нобуд кард ўро, маҳз меҳри падарӣ! Агар дар он дақиқаҳои пурдаҳшат тарсу ваҳм аз барои фарзанд дар вуҷуди вай боло намегирифт, агар на ғами ҷони Қамчин, балки ғами ҷони худашро мехўрд, яқин аз болои сал чаппа намешуд ва сари синаашро қапида, ба қаъри дарё ҳам намерафт.
Чӣ рўзи ваҳшатангез буд он рўз! Полки падару писар баробари чанд фавҷи дигар дар зери тири тўпу пулемётҳои душман аз як ҷои бисёр носози Днепр убур мекард. Вусъати дарё, ки аз таркиши паёпаи гулўлаҳо ба дод омада, девонавор печутоб дошт, пур аз салу заврақ буд. Дар он салу заврақҳо аскарон буданд, тўпҳо буданд, қуттиҳои моломол аз тиру гулўла буданд. Гоҳо сале ё заврақе аз зарби тири тўп порапора шуда, ба мисли як банд ҳезум дар рўи об паҳну парешон мегардид; тўпҳо зери дарё мерафтанд; аскарон ё мурда, ё зинда ба зинда ғарқ мешуданд...

пешина
аз 551
навбатӣ