Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сали мустаҳкаме ки Қамчин ва боз ҳафт нафар савор буданд, бораш гарон бошад ҳам – дар болои он, муҳиммаш, ду адад тўпи зидди танк низ меистод, – тез шино мекард. Зеро Қамчину ёронаш дар пушти тўпҳо хам шуда – мабодо тири душман расад! – ва ходаҳои хушки дарозро, ки дар ихтиёр доштанд, беист ба кор андохта, то метавонистанд, онро дар ҷадал пеш меронданд. Аз қафо сали дигаре меомад; дар вай ҳамроҳи камандири баталйон ва чанд аскари қаторӣ падари Қамчин савор буд. Аз паҳлуи рост, тахмин бист газ дуртар, дар як заврақи калон беш аз даҳ нафар, автаматҳо дар сари китф ё дар гардан ҳамоил – дар пеши онҳо як пулемёти тайёр ба оташкушоӣ низ меистод, – амонат нишаста, ба тамоми қувва бел мезаданд. Аз ваҷоҳати ин ҷанговарони тахмин пиёдагард баръало хонда мешуд, ки ба соҳил агар саломат расанд, кӣ будани худро ба душман нишон надода намемонанд. Ҳоло чӣ, ҳоло… мақсад якта, фақат якта – кулли имконият ва ҷамъи зўру тавонро ба кор бурда, бе зиёну зарар аз дарё зинда гузаштан...
Қамчин ҳам ҷандала дошт. Вай ҳам қатори ёронаш ҳар чи зудтар ба соҳил пайвастан мехост. Ногаҳон гулўлае заврақи баумедро, ки ин дам аз сали онҳо қадре пеш гузашта буд, дар як нафас зеру забар кард. Қамчин, гумбуроси таркиш дар гўш, асири ваҳму ҳайрат – наход!.. – ба гирдоби ҷўшоне нигарист, ки ҳамон замон дар ҷои заврақи шиновар пайдо шуда, кафкзанон… пора-пора тахтаҳои шикастаро аз доираи худ берун меовард. Лаҳзае ба назари ў тани афгори се-чор нафар аскар низ расид, – онҳо дар ҳалқаи гирдоб як намоён гардида, филҳол фурў рафтанд.
Омехта ба шав-шуви дарё ва садои тири пулемётҳо Қамчин нохост фарёди падарашро шунид, ки танҳо иборат аз тарсу даҳшат буд: Қамчин! Қамчин!.. Боз як гулўла таркид; дар паҳлуи чапи сал, дур ва бегазанд таркид. Қамчин, дилаш таҳ кашида, ба ҷониби падар нигарист, ки ҳамон дардолуд садо медод: Қамчин! Эҳтиёт шав мегўям, Қамчин!.. Вай дар канори сал, мисли он ки қомати баланди худро ҳадафи тир кардааст, озод рост меистод. Дар як даст хода, дасти дигараш дар ҳаво...

пешина
аз 551
навбатӣ