МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Нафаси гармаш мегуфт, ки сўзонам ўро. Дар дидаи то ҳадде равшанаш аҷаб сирре нуҳуфта, Қамчинро ба ҳаяҷон меовард.
Вай намедонист чӣ кор кунад – худро дуртар гирад, ё дар нимторикӣ ҳамин тавр истад.
– Гузар, Қамчин, гармогарм хўр... Агар не, хунук мешавад, – гуфт ниҳоят Хадича ва амиқ як нафас гирифта, дар канори шолча нишаст.
Қамчин аввал ба таки чойҷўш алав даргиронд. Сипас дар лаби кўлоб даст шуста, мутаҳайир – шўрбо бардошта омадааст, а! – ба шолча наздик рафт.
– Нон дорӣ? – пурсид Хадича.
– Дорам... Ана, дар рўймол.
Хадича миёнбандро пештар кашида, дар бари кўрпа паҳн кард, нон шикаст...
...Қамчин ба иштиҳо шўрбои хушмаза мехўрд ва гоҳо, дар бехи гўш нолаи чирчиракҳо, номаълум ба тарафи Хадича – вай ҳоло зонувонашро дар оғўш гирифта, чашми хаёл ба як тўда хишт медўхт – назар давонда, шодмон меандешид, ки ў дар дил ягон гапи муҳим дорад. Вагарна... омадан замон ба он тарз нигоҳ намекард. Чашмони фаттонаш чунон навозишгар буданд...
Умуман порсол боз Қамчин пай мебурд, ки Хадича ба вай меҳрубон аст. Ҳар гоҳ ки дар кори калхоз бошанд, ба гаппаронии якта-нимта бадгумон дар ханда ҷавоб гардонда, илоҷе меёфт аз Қамчин дур наафтад. Пас ба хоҳиши худи ў дар миёни онҳо амале ба монанди мусобиқа оғоз меёфт – ку бинед, кӣ чанд бағал алаф медаравад, кӣ чӣ қадар бел мезанад, кӣ чанд сатил ангур меканад... Хадича девкор буд.
Рўзҳое мешуданд, ки Қамчин аз вай қафо мемонд, ба хусус дар алафдаравӣ... Аз ин сабаб ҳамрадифии ўро чандон хуш намекард, вале мекўшид сир бой надиҳад.
Хадича чӣ... парвои одаму олам надошт ва дар назари аввал чунин менамуд, ки аз шарму ҳаё низ огаҳ нест. Вай, дасташ муттасил ба кор, занонро – баъзан аз миёни мардон танҳо Қамчинро – ба ҳазлу шўхӣ кашида, сидқан меболид, аз хурсандӣ қад-қад мепарид, ширин механдид. Гоҳи дигар ягонтаи онҳоро маҷбур месохт, ки ба вай гўштин гирад ва то рақибашро мағлуб накунад, дилаш хунук намешуд. Шояд аз ҳамин ҷиҳат «харакиро аз хар меғалтонад, аспакиро – аз асп...», – мегуфтанд дар ҳаққи Хадича.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо