Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қамчин албатта хуб медонист, ки ў на фақат акнун, балки даҳ-дувоздаҳ сол қабл низ обу оташ буд. Аз ин боис бешармиҳои зан – ба қавли баъзеҳо – Қамчинро ҳаргиз дар тааҷҷуб намеоварданд. Ўро вазъи дигаре ки аҳён-аҳён дар ҳайати Хадича рух менамуд, ногузир ҳайрон мекард: соатҳое мешуданд, ки вай дафъатан ба худ ваҷоҳати ҷиддӣ мегирифт, ҳатто сахт ғамгин метофт. Агар дар қариби Қамчин бошад, ба чашмони ў ногаҳон як назар меафканд... Пурдард, ҳасратнок, дар айни замон гарму гиро! Ва ба ҳамин, аз нав машғули кор, дуру дароз сар намебардошт...
– Як чиз пурсам, мумкин? – гуфт нохост Хадича.
Дар лабони Қамчин, ки косаро инак холӣ карда буд, табассум дамид.
– Кошкӣ!
– Барои чӣ механдӣ?
– Нахандидаам... – ҷавоб дод Қамчин ва боз дар чеҳрааш мавҷи табассум давид.
«Воқиан, чаро ман механдам?»
Хадича фурсате хомўш монд. Баъд нигоҳашро аз вай гурезонда, мағмум пурсид:
– Ту аз бахтат розӣ?
– Аз кадом бахтам?
– Зан гирифтанатро мегўям...
– Сирф намедонам, Хадича... – «Ин суолаш чӣ маънӣ дорад?!» – Рости гап, дар ин бора фикр накардаам.
– Пас хушбахтӣ!
Қамчин аз чунин таъкиди сарбаста бештар ҳайрон шуд.
– Аҷаб…
Хадича дигар чизе нагуфт, такроран хомўш монд. Ва акнун ба похсадевори пур аз рахнаи самти кўча нигарист, ки дар зери пардаи шабонгаҳ сип-сиёҳ менамуд.
– Чой дам кунам... – гуфт Қамчин.
Вай сабук бархоста – барои чӣ Хадича ин қадар ғамгин?
Парешон... – назди оташдон рафт. Аз чойхалтаи даруни сатил ба кафаш чои хушк гирифта, дар чойҷўш андохт, ки обаш ҷўшида, қариб нисф монда буд. Баъд, азбаски шаб дам ба дам ториктар мешуд, фонусро даргиронда, дар як даст чойҷўшу дар дасти дигараш фонус, хушҳол қафо гашт.

пешина
аз 551
навбатӣ