МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Хадича мисли он ки тарсида бошад, дар даст ангур, як қад парида, маҷбур қомат афрохт. Ва ҳамоно дар оразаш сурхӣ дамида, ба зани Қодир-амак дуру дароз чашм дўхт.
Нигоҳаш ба дараҷае имдодталаб ва ҳайрон буд, ки ҳозирон филҳол хомўш монданд.
– Хайр, ягон касро нағз дидан кори ганда не-ку... – гуфт узрхоҳона занак.
Вале Хадича дигар ба вай нигоҳ накард, гўшашро ба карӣ зад ва сатилашро, ки ҳанўз пур нашуда буд, бидуни ирода бардошта, рў ба поини боғ рафт...
Қамчин аз ҳолати носози ў тез-тез ба риққат омада, инак кулли дидору сўҳбатеро, ки тобистон дар байни онҳо ба вуқўъ мепайваст, паиҳам ба таҳлил мегирифт. Мабодо ягон дафъа боиси озори хотираш гардида бошад!
Не-е, ў ҳеҷ гоҳ Хадичаро наранҷондааст. Пас чаро аз меҳрубонии ин зани оташдил осоре нест?
Қамчин рўз ба рўз бештар эҳсос мекард – аз эҳтимол дур нест, ки Хадичаро дўст медорад ва то ба вай вохўрда, дарду доғашро возеҳ нафаҳмад, таскин намеёбад.
Ин буд, ки як шаб хеле бетоқат шуда, кўча баромаду рост ба таки дарвозаи Хадича рафт. Дарвоза аз дарун маҳкам буд. Қамчин дар миёни торикии ғализ се-чор дақиқа ноҷунбон истод.
«Тақ-тақ кардан нағз не. Фақат аз девор гузаштан мумкин. Гузарам ё боз сабр...»
Азбаски айёми тирамоҳ ба охир мерасид, резаборони сард ва нофорам меборид.
Ниҳоят, гуп-гупи дили тангашро фурў нишонда, кафи дасту баъзе ҷои либосашро дар лой олонда, вай аз болои девор ба саҳни ҳавлӣ фуромад.
Дар хона чароғ дармегирифт.
Қамчин дасташро ба танаи дарахте пок карда, назди тиреза рафт. Тиреза пардаи ғафс дошт. Ў даруни хонаро дуруст дида натавониста, табақи дарро, ки аз пушти он садое намебаромад, оҳиста кўфт.
– Кист?
– Ман, Хадича...
– Дар кушода.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо