МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Пагоҳ ман гилкор ёфта меоям, – гўён шабошаб ба манзилаш рафта, рўзи дигар ҳамроҳи як марди тирарўй баргашт.
Ва Қамчин ба шарофати Ҷаббори куҷо монам девори имораташро, ки аз ду хонаи ҳафтболораву як даҳлез иборат буд, дар байни якуним-ду ҳафта аз даст баровард. Инчунин дар сояи касофати вай мардум ўро аз ҳамон тобистон эътиборан... ба ҷои он ки мисли пештара Қамчин ё Қамчинбек ном баранд, усто Қамчин ё усто Гулдаст мегуфтанд. Зеро дар куҷое бошад, Ҷаббор хиштчинии ўро достон мекард...
Қисса кўтоҳ, усто Қамчин сари тирамоҳ занашу модарашро аз Такоб, аз хонаи Гуландом, ба мулки падарӣ кўчонд.
Ҳавлӣ то андозае ободу ороста буд. Мебоист вай минбаъд як қадар хотирҷамъ гардад.
Аммо хотирҷамъ набуд Қамчин. Рўзҳои дароз ғусса хўрда, парешон фикр мекард – барои чӣ Хадича, Хадичаи диловез, хушгап ва меҳрубон, ки дар ду-се моҳи саодат баъзе шабҳо ҳамдами ў шуда, ба тану ҷонаш ҳаловат мебахшид, акнун, пас аз он ки Қамчин занашу модарашро кўчонда овард, худро аз вай канора мегирад. Вақти кори калхоз низ аҳвол ҳамин – то қадри имкон кўшиш мекунад ба Қамчин наздик набошад. Тифоқо рўбарў ояд, оҳиста салом медиҳаду зуд гузашта меравад ва Қамчин ҳатто фурсати даҳон кушодан намеёбад, Ҳама медонанд, ки Хадича тағйир ёфтааст – камгап, ҷиддӣ ва то ҳадде… одамгурез! Чунин метобад, ки дар замири поки худ ҳасрате дорад, ё аз кадом пешомади нохуш дар тарсу таҳлука монда, ин ҳолати нопидромро ба қатъияту камгапӣ пўшидан мехоҳад. Аз ин рў мардум, алалхусус занон, саду як гумону тахмин бурда, сабаби дигаргуниеро, ки дар вуҷуди вай рух додааст, ба кунҷковӣ пай мегиранд.
– Хадичаи мо ягон касро нағз мебинад, – боре ба ў шунавонда, нимшўхиву нимҷиддӣ гуфта буд ҳамсари Қодир-амак, ки дар сафи зану марди зиёд ангур меканд.
Аз ин нидои ногаҳон ба маънии шояд ҳама хандиданд.
Танҳо Қамчин нахандид ва номаълум ба сўи Хадича нигарист, ки дуртар аз вай, сар аз болои ток набардошта, даст ба хўшаҳои ангур мебурд.
«Ку чӣ кор мекунад?..»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо