МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Бо вуҷуди ин дилам нотинҷ.
Афсўс мехўрам, ки чаро сари вақт ба он кас чизе нагуфтам.
Илтимос, оча, шумо вазъиятро фаҳмонед: ҳеҷ набошад, аз номи ман гап занед. Рўзгори додом калон, ташвиши бисёр доранд. Метарсам, ки ба кору бори худ овора шуда, мабодо шуморо фаромўш кунанд... Ман сиҳат-саломат, фақат дар фикри хона каме парешонам...»
Мактуб дар дасти усто Қамчин меларзид.
– Сухани хушбор надорад мегўӣ?
– …
– Дорад, Хадича, дорад!
– Хайр, нағз…
– Вай инро кай боз медонад?
– Панҷ сол шуд...
– Худо акнун меҳрубон бошад!
– ...Аз рўзе ки ба аскарӣ мерафт.
– Мани гаранг бехабар...
Усто Қамчин мактубро баргардонда, саросема ҷониби дарвоза рафт. Аммо даҳ қадам напартофта, қафо гашт ва аз Хадича бел пурсид.
– Бел чӣ даркор? Ана бел...
– Даркор, бисёр даркор!
Усто Қамчин аз пеши суфа чобук белро гирифт…
Ва дам назада, кўча баромад.
«Панҷ сол боз медонистааст, ки ман падараш... зиндаам.
Панҷ соли дароз, а!..»
Вай ба дарди пояш тоб оварда ва гоҳо ба саломи яктанимта раҳгузару бачаҳои деҳа, ки ҷо-ҷо бозӣ доштанд, ҷавоб гардонда, шитобон қадам мемонд ва ба худ мегуфт: саҳар ба саркор ваъда карда буд – имрўз боғашро аз об мебарораду субҳи фардо бе таъхир ба дашт меравад ва ду-се ҳафта дар он саҳро истода, қатори шаш нафаре ки ў ном бурд, барои чорвои калхоз хасу хошок меғундорад.
«Ҳеҷ гап не, як рўз дер монам, осмон фурў омада, ба замин намечаспад. Саркор агар ғур-ғур кунад, буду шуди воқиаро ба миён мегузорам. Вай ҳам одам, мефаҳмидагист...»
Усто Қамчин ба Авлод, ба саргаҳи об мерафт.
Деҳа қафо монда буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо