МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ў дар тали Тобазор ногаҳон ба хотир овард, ки қади кўча аз хонааш фонус гирифтан мехост… фаромўш кардааст. Бе рўшноӣ шабошаб об баста омадан душвор. Ҳатто азоби алим… Кошкӣ даҳанаву мағокҳо камтар мебуданд! Бозпас рафта, фонусро биёрад, хуб мешуд. Вале қафо гаштан хосият надорад. Хайр, қадам кушодан гирад, канӣ... Чароғаш набошад ҳам, як тоқа об диҳанд, кифоя. Надиҳанд чӣ?.. Не, модом ки ният карда баромад, пас вай об меорад, ҳатман меорад. Зеро хуб медонад – агар ба Авлод расида, ба касе ки дар саргаҳи ҷўйбор нишастааст, ҳақиқати ҳолро дуруст фаҳмонад, он бандаи худо, дилаш аз санг бошад ҳам, ба як тоқа об додан розӣ мешавад.
Усто Қамчин тали Тобазорро гузашта, ба раҳи Кўшкак даромад. Вай акнун ба истиқболи кўҳи бузурге ки девори баланди тирафашро мемонд, лангон пой мениҳод. Дар ин дақиқаҳо атрофу акноф вазнин ба сукут рафта, сар то сари осмони фарқи кўҳ дар ҳукми шафақ буд.
Ба усто Қамчин фурсате чунин намуд, ки дар муҳити лолагуни ғуруби офтоб беихтиёр ҷавонии Хадичаро мебинад.
Ва кулли мавҷудот дар пеши назараш... айнан мисли он ки бисту панҷ сол муқаддам, шаби нарми тобистон, дар зери осмони пурситора рух дода буд, як ҷилои аҷаб латифи кабудфом мегирад. Сараш лоҷарам қадре гирд гашта, аъзои баданаш гўё дар дами оташ ҳамвора месўзад.
1976–1977

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо