Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Духтар гунаҳкорона сар хам карда, хомўш монд. Ин кори падараш ба ў аз сад гапи талх сахттар расида, дилашро такон медод. Ба вай, ки духтарам хунук нахўрад гуфта, дар ҳамин хел аёс кашола шуда, ангишт ва ҳатто… пешдаргирон овардааст, раҳмаш омад.
...Пирамард рў ба ҷониби ҳавлиаш ниҳод; чил-панҷоҳ қадам тай зад. Вале ногаҳон қафо гашт – кампираш таъин карда буд, ки сари роҳ ягон кило чой харида биёрад. Аз ин рў ба магазини деҳа даромада, ба фурўшанда, ҷавони хомфарбеҳи зардина, салому алейк кард.
– Хизмат, амак?
– Чои кабуд дорӣ?
– Ҳаст, аз нағзаш. Чӣ қадар диҳам?
– Як кило...
Ҷавон аз чойқуттӣ башумор бист лўнда чой гирифта, дар коғазе печондан мехост, ки пирамард:
– Ташвиш накаш, писар, – гуфт ва бари ҷомаашро бардошта, аз кисаи шими пахталаганда рўймол баровард. Чойро ба он баста, пулашро дароз кард. – Раҳмат.
– Акаи Мурод хат менависанд? Саломатанд?
Пирамард лаҳзае саросема шуд, – гўё ҳеҷ чиз нафаҳмида бошад, ба рўи ҷавон нигарист: ҳамчунон чеҳрааш кушода, ў даст ба пеши бар гирифта меистод.
– Ҳа, менависад. Сиҳат-саломат...
Вай дурўғ гуфт ва ҳамон дам аз кораш пушаймон шуда, зуд кўча баромад. Хаёлаш, ки ҷавон ба чашмони нармнигоҳи худ «ман кӣ будани Муродро медонам, амак. Ин гапатон дурўғ. Вай ба шумо мактуб наменависад. Падар чӣ лозим ба вай!» – гўён таъна зад.
Дар ҳақиқат ҳам писараш баъди он ки институтро хатм карда, дар шаҳр ба кор даромад, ягон бор ба ў мактуб нанавиштааст. Се сол боз пирамард аз номи вай як парча коғаз интизор; як парча коғазе ки дар он ду даҳан гапи нарм сабт шуда бошад... Мурод дар тўли ҳамин се сол фақат ду маротиба омада, падарашро хабар гирифт. Аммо пирамард ҳар сол панҷ-шаш карат писарбинӣ наравад, беқарор гардида, ҳатто хобу хўрро гум мекунад.

пешина
аз 551
навбатӣ