МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Илоҳӣ Муродам ба дили беғам гардад... умраш дароз бошад. Падарам азоб накашад гуфта, ҳамин мўзая махсус харида, аз роҳи дур бардошта омаданаш барои ман ҳазор тилло. Давлати пирӣ аз ин зиёд намешудагист...»
Дар пеши дари китобхона, ки дуртар аз магазини деҳа назарногир метофт, пирамард сатилҳоро ба замин монду аз зери каш пешдаргиронро ба даст гирифта, вазнин дарун даромад. Ва маънидор гулў афшонда, аввал ба рафҳои китоб, ба мизи дарози алвонпўш, ки болояш пур аз маҷаллаву рўзномаҳои гуногун буд, ва баъд ба духтараш, ки дар пушти мизи хурд ва пастаки назди тиреза нишаста, сараш хам... китоб мехонд, чашм давонд.
– Ларзида шиштаӣ?
Духтар китобро як сў гузошта, сабук бархост. Тарҳи рўяш ба чеҳраи пирамард шабоҳат дошта, худ чаққону ситорагарм менамуд. Вай тобистон, пас аз хатми мактаби миёна, ҳамин китобхонаро, ки пештар як рўз кушода бошад, се-чор рўз баста мешуд, аз собиқ мудири он – зани ранҷури серфарзанде қабул карда буд.
– Дирўз гуфтанд, ки пагоҳ мефиристем... Шояд биёранд.
– Шояд... – зери лаб ғурунгид пирамард ва парахаҳоро дар пои бухорӣ монда, оҳиста берун баромад.
– Ташвиш кашидан чӣ лозим буд, додо? – гуфт духтар, вақте ки ў, дар даст ду сатили пур аз ангишт, гашта ба китобхона ворид шуд. – Ҳамин қадар беалав шиштам, боз як рўз тоқат мекардам.
– Як рўз мегўӣ? Ҳа-а, духтарам, ту ҳоло хом, беақл...
Зўъмия авло дониста, хунука ба ҳисоб намегирӣ. Баъди понздаҳ-бист сол мефаҳмӣ, ки ҳамин зўъмӣ бар зарари тану ҷонат будааст. Лекин дер мешавад.
Пирамард сари по нишаст; аз бағалкисаи ҷомааш як қуттӣ гўгирд бароварда, болои пешдаргирон гузошт. Ва даст ба даричаи бухорӣ бурд.
– Лозим не, додо, худам дармегиронам.
– Агар то ҳол ба гапи ман гўш дода, аз хона ҳезуму ангишт оварда, хотирҷамъ алав мекардӣ, ин қадар азоб намекашидӣ, – гуфт пирамард ва аз ҷой хеста, бешитоб сўи дар рафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо