Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо вуҷуди ин бештар хунук мехўрд. Вале шукр, ки пойҳояш ҳанўз қадре гарм буданд.
«Ҳеҷ гап не, ҳамин замон ба Хайробод мерасем...»
Пирамард агар аз чашм дур будани писарашро, ки аз ин ваҷҳ гоҳо ғусса мехўрад, истисно кунад, аз ў шиквае надорад. Баръакс хурсанд аст, ки Мурод ҳамин сурат як фарзанди кордону дидадаро ва чор кас ҳавас мекардагӣ... Аммо келинаш гапи дигар. Вай аз қабили нафаронест, ки қадру қимати инсонро ба як пули пуч намегиранд. Барои ў аз дидори пирамард дида даҳ тин ғанимат аст. Рафту ба хонааш меҳмон ояду аз ҳарвақта зиёдтар дегу табақ кунад, мўлтар ташвиш кашад, дилаш ҳатман сиёҳ мешавад. Лекин рўяш хандон метобад, ботинашро ҳаргиз намекушояд... Чӣ ҷои гап?
Фарзанд дар ҳар кор пеш аз ҳама ба падару модар тақлид мекунад. Падару модараш ки латтапарастанду ба зоти одам рўихуш намедиҳанд, вай ҳам айнан ҳамин хел... Омада-омада Мурод ин гуна ҷуфти ҳаринаро аз куҷо ёфт? Тавба! Дар як муддати кўтоҳ дили касро фаҳмидан осон набудааст. Пирамард то порсол гумон дошт, ки бахти писараш хандид – ба зани оқилаву басаришта ҳамхона шуд. Аммо баъдтар пай бурд, ки хато кардааст...
Мошин хамгаштеро гузашта, дар роҳи танги байни ду шахи баланди ситеғ, ки дар болои сар гўё овезон буданд, ногаҳон истод. Рашид ҷаҳида аз кабина фуромад ва сарпўши маторро бардошта, каллааш хам, як дам ба коре машғул шуд. Сипас онро сахт пўшиду гирди мошин гашта, ба нўки мўзааш чархҳоро тарс-тарс кўфта, қаноатманд табассум намуд. Ва ниҳоят болои поймонак баромада, аз паҳлуи кабина ба пирамард нигарист.
– Хунук хўрдед, амак?
– Ҳа, писар...
– Шамоли мошин камтар шавад гуфта, оҳиста рондам.
Акнун тоқат лозим, баъди ягон соат мерасем, – гуфт Рашид ва пўстинашро аз тан бароварда, ба ў дароз кард. – Ба китфатон партоед.
– Худат чӣ?
– Кабина шамолпанаҳ... Сари вақт додан даркор буд. Чӣ шуд, ки фаросат накардаам.

пешина
аз 551
навбатӣ