Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Умрат дароз бошад...
Вай пўстинро ба китф партофт ва дастонашро дар остини ҷомааш дарунтар кашида, вазнин нишаст.
Матор ғурида, мошин ба ҳаракат омад.
Пирамард дар хотир овард, ки порсол як сатил ангури чилагиву чор харбуза гирифта, ба хонаи писараш рафт. Ду рўз истода, бозору магазинҳои шаҳрро тамошо кард. Рост аст, ки дар ин муддат келинаш «амакҷон, ин ҷо шинед, амакҷон, он ҷо шинед», – гуфта, дар гирдаш парвона шуд; меҳрубониҳо карда, иззаташро ба ҷо овард. Пирамард аз ин адаби вай курта-курта гўшт мегирифт. Аммо… ҳар чӣ хўрда бошад, рўзи сеюм аз даҳону биниаш омад.
Баъди субҳона ў ҷома пўшида, дар даҳлез келину писарашро, ки ба хонаи дигар гузашта буданд, мунтазир меистод. Ҳамин вақт ногаҳон ба ёд овард, ки кордчаашро дар лаби тирезаи меҳмонхона фаромўш кардааст.
Пирамард вориди меҳмонхона шуд ва онро гирифта, бозпас баромаданӣ буд, ки аз хонаи хоб беихтиёр овози келинашро шунид.
– Ҳар боре ки мебиёянд, аз гирди дегу табақ дур намешавам, – менолид вай. – Аз хўреду нўшед гуфтан даҳонам мўй мебарорад. Боз чӣ кор кунам?
– Гуфтам-ку: ташаккур, ҳазор раҳмат... Ҳоло сари маро пеши дор набурда, сӣ сўм деҳ. Мўйсафед интизор, – ба овози ларзон ҷавоб гардонд Мурод.
– Бори дигар медиҳед. Бе ин ҳам ба гарнитур намерасад.
Падарам як моҳ пеш ба мудири база аҳду паймон бастаанду шумо ҳеҷ не ки пулашро бурда...
– Гарнитур гуфта, устухонамро сафед кардӣ! Ту кай аз чизи дунё сер мешавӣ?!
Кайфаш тамоман парида, пирамард кордчаро ба кисаи камзўлаш андохт ва лаб газида, оҳиста ба саҳни ҳавлӣ баромад.
Пас аз чанд дақиқа онҳо – зану шавҳар – ўро то истгоҳи траллейбус гусел карданд. Мурод карахт буд, вале дар чеҳраи занаш табассум мешукуфт...
Ҳар гоҳе ки пирамард ин воқиаро ба хотир орад, дарундарун ғам хўрда, дилаш ба Мурод месўзад.

пешина
аз 551
навбатӣ