Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Наход дар хона набошанд», – аз дил гузаронд ў ва шитобон ба иморат даромада, аз зинаҳои сангин пойҳои бемадорашро базўр кашола кардаву нафастанг шуда, ба ошёнаи сеюм баромад. Сабадчаву харбузаро ба замин гузошта, тугмаи зангро, ки дар паҳлуи даревоси дари чармбаст мисли садаф менамуд, оҳиста пахш кард. Аз дарун ба гўшаш садои пасти занг расид. Як дам мунтазир шуд. Дигар на садое омад, на шарфаи пой.
Тугмаро боз пахш кард. Бефоида...
«Куҷо рафтаанд? Шояд ҳамсоя медонад».
Вай тоб хўрда, ба дари дуюм, ки дар муқобили дари писараш воқеъ буд, наздик шуд ва ангушти ишораташро ба тугмаи занг бурд. Вале худи ҳамон лаҳза дар дил «рафту хоб бошанд, ташвиш додан хуб не», – гуфта, даст кашид. Ва чӣ кор карданро надониста, музтару мутаҳайир каме рост истод. Пас андешаманд аз бағалкисаи ҷома соаташро бароварда дид, ки ёздаҳ шудааст.
«Ин чӣ сарсонӣ? – пичирос зад ў, соатро гашта ба кисааш андохта. – Падарам зуд биёянд гуфта, тилфон кардаасту худаш дар хона нест... Эҳ-ҳ, фарзанд, фарзанд! Илоҳӣ офият бошад, а...»
Пирамард поин фуромадан хоста, ба сўи зинапояҳо қадам партофт. Аммо ҳамин дам аз хонаи ҳамсоя баланд-баланд ҳарф задани занеро шунида, ба маънии «хоб набудаанд-ку»
абру барҳам кашид; пас тугмаи зангро пахш кард.
Дар фавран боз шуда, дар остона як зани лоғарандоми малламўй, ки ба гирди чашмони хурд-хурди беқарораш ранги кабуд молида, дар бар куртаи сурхи чархи гиребонаш кушод ва доманаш аз зонувон як ваҷаб боло дошт, густох намоён гардид. Ва сар то пои пирамардро ба нигоҳи шубҳаомез чен карда, дағалона пурсид:
– Ба шумо кӣ даркор?
– Духтарам, ман падари Мурод...
– Муродатон кӣ?
– Ҳамсояат...
– Хайр?
– Аз дур омадам. Лекин хонааш маҳкам. Намедонӣ…
– Ман аз куҷо донам?! Аҷаб одами беандеша будаед.

пешина
аз 551
навбатӣ