Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фикр мекунад, ки ба вай пулу моли писараш не, балки умри ў даркор. Наход келинаш ҳаминро нафаҳмад? Наход пирамардро дастнигар гумон барад?.. Ва ҳарчанд худро тасаллӣ медиҳад, ки гапи он заифа кирои ранҷидан надорад, вай ҳоло хом... шояд ба дарди рўзгор шуда, ин гуна хато рафта буд, – тану ҷонашро як ҳисси мағшуш, ки онро озурдахотирӣ ё гиламандӣ гуфтан ҳам душвор аст, зуд-зуд ба исканҷа мегирад.
...Мошин дараро ақиб партофта, сарозер шуд ва рўдхонаи на чандон калонро, ки аз сабаби обаш шўр будан Шўрсой меномиданд, дартоз гузашта, ба дашти фарох баромад. Оби сой дар ҳамин хел аёс ҳам ях набаста, барфи соҳилҳояшро шуста, ором ҷорӣ мегардид.
Пирамард дар ҷояш нимхез шуда, аз паҳлуи кабина як дам ба пеш нигарист. Ва тақрибан дар масофаи се километр дуртар аз мошин чанд бинои хурду бузурги нимистгоҳи Хайрободро дид, ки ҳама дар васати дашти барфпўш дарбеҳи ночаспонро мемонданд.
Аз рўбарў боди сард вазида, чеҳраи пирамардро сўзонд.
Ва ў… ба чашмонаш об давида, худро дар пўстини Рашид дурусттар печонду ғунча шуда, боз дар ҷояш нишаст. Манзараи якранги атроф, ки аз гашти мошин гўё гирд мегашт, сарашро андак ба чарх овард.
Пирамард ба ангуштонаш пуф карда-пуф карда, дастонашро хеле молиш дод. Сипас нигоҳи хирааш ба Шўрсой бархўрд – вай торафт аз мошин қафо монда, дар муҳити қанди сафед барин барфи тоза ресмони дарози хокистаррангро ба хотир меовард. Ҳамзамон дар пошнаи шахҳои дара муносиб афтида, онҳоро аз паҳнои даште ки охираш ба уфуқи дур ва туманолуд мепайваст, баръало ҷудо карда меистод...

Пирамард дар назди иморати бисёрошёна, ки дар канори яке аз кўчаҳои васеъ ва чароғони шаҳр қад афрохта буд, фурсате таваққуф намуда, озод нафас гирифт. Баъд сар бардошта, ба тирезаҳои хонаи писараш чашм партофт: онҳо ҳама тира метофтанд.

пешина
аз 551
навбатӣ