МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Аз хона кай баромадед?
– Нисфи рўз, писарам, нисфи рўз, – гуфт пирамард, ба андоми фарзандаш даме зеҳн монда. – Тилфон карданата шунида, саросема баромадам. Хотирам парешон шуда, ба чӣ гумонҳое ки рафтам...
– Хунук хўрдед, додо... дароем.
Аммо пирамард, ки ҳамчунон карахт ба вай менигарист, аз ҷой наҷунбид.
– Чӣ гап? Барои чӣ мана ин қадар таъҷилӣ даъват кардӣ?
– Ҳеҷ гап не. Фақат... камтар пазмон шудем, – табассум намуд Мурод.
– Ин кас аз тарафи корашон семоҳа Маскав мераванд. Хонданӣ... Пеш аз сафар шуморо бинам гуфта, баумед занг заданд, – асли масъаларо бе тоқат фаҳмонд келинаш ва андак хомўш монда, аз авзои пирамард ба таври худ хулоса баровард магар, ки ба Мурод назар тофт. – Ман чанд бор таъкид доштам: дар ин ҳавои нобоб амакамро овора накунед...
– Хайрият! – гуфт пирамард хаёлманд. – Илоҳӣ ҳама вақт осуда бошед.
– Биёед, хона дароем, – гашта ба сухан омад Мурод, ин дафъа мулоим аз оринҷи ў гирифта.
Пирамард, ки ба димоғаш боз бўи арақу тамоку менишаст, сараш хам, ҳамроҳи онҳо ба ҷониби дар рафт.
Вай дар зинаҳои сарди сангин оҳиста қадам гузошта, ба кулли рагу пайвандаш эҳсос мекард: бағоят хаставу бемадор шудааст ва аз чӣ бошад, ки ҳоло мехоҳад писарашро нигоҳ дошта, «Муродҷон, – гўяд, – мана диданӣ бошӣ, як рўзата ҳеҷ дониста… дар хонаам рафта бинӣ, аз мартаба намеғалтидӣ. Дуо мекардам. Тилло магир, дуо гир, дуо магар тилло нест! – гуфтаанд машоих. Ман, охир, падарат! Ку шарм? Куҷост инсоф?.. Дар ин зимистони қаҳратун мани мўйсафеда ба ташвиш андохтан айни бераҳмӣ. Азоби гўра кашидам. Сиҳат бошам, гапи дигар буд. Худат медонӣ, ки тарбоди сабил даҳ сол боз умрама сўҳон мекунад...»
Вале пирамард инро гуфта натавонист, – забонаш нагашт.
Вай базўр ғалаёни дилашро фурў нишонда, ба як хушнудии сохта хандид.
– Хайрият, писарам, хайрият... Илоҳӣ ҳама вақт шоду беғам бошед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо