Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ва баъд, ҳангоме ба ошёнаи сеюм баромаданду Мурод аз киса калид гирифта, дарро кушодан хост, чунон ки аз дуриҳо садо мекарда бошад, ба овози ларзон илова намуд: – Хондан меравам гуфтӣ, а?.. Нағз, бисёр нағз – хондан кори савоб, писарам. То метавонӣ... хон!

1972

НАВДА

Аз нав озор ёфтам!
...Дарахти гелос модари ман. Дарахти танҳо, зебо ва бисёр ҷавон. Имсол нахустин маротиба ҳосил баст. Ҳосил басту эҳа-а...
Аз хурсандӣ қад-қад мепарид.
Об мехўрду шукр мегуфт; дар дами боди серуни баҳорон баргҳояш каф зада, навдаҳояш маҳин-маҳин ба рақс меомаданду шукр мегуфт. Аз қатраҳои софи борон зуд-зуд баҳра бурда, ҳай механдид; аз чангу гард тоза шуда, қомати нозукашро саропо афшонда, ҳай мешукуфт; анвори гарму нарми офтобро ба мағз-мағзи шоху баргҳояш ҷой медоду кўдаквор меболид. Ва шабу рўз мекўшид, ки ман ва навдаҳои дигараш зинда бошем, сарсабз бошем. Меваҳои худро тадриҷан пазонда...
Хотири соҳиби ўро, ки пирамарди пояш маҷрўҳ аст, шод гардонем...
Боз лат хўрдам!
...Модарам дар пушти яке аз тирезаҳои бинои чорошёна реша медавонд. Ду соли дароз оҳиста-оҳиста қад кашида, сараш ниҳоят ба қабати дуюм расида буд. Албатта ба нигоҳубин ва навозишҳои мўйсафеди меҳрубон, ки дар ҳамон ошёна мезист...
Э вой, боз як мошини вазнин гузашт аз болоям!
...Ду сол пеш аз ин ниҳол буд модарам, ниҳолаки хурд, ҳайрон, беқувват. Аммо ман... Ҳоло ёд надорам, ки ман он вақт дар тани батаровату суфтаи вай будам ё не.
Шояд будам, балки набудам...
Фақат ҳаминаш дар хотирам мондааст, ки модарам баробари худаш барин чандин ниҳоли гелос дар як боғи калон месабзид.

пешина
аз 551
навбатӣ