Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ваҷоҳати зан гирифта метобад. Усмаи абрувони хеле дароз – аз ин рў як қадар хунук – ва зиёда сурмаи чашмонаш низ наметавонанд табъи носози ўро, ки эҳтимол аз чизе, ё аз касе сахт ранҷидааст, бартараф созанд.
Равшан ба назар мерасад, ки ин манзили иборат аз се хонаи пурҷиҳозро нағз таъмир кардаанд. Ва яқин ба қарибӣ...
Ҳама озода, батартиб. Ҷевони баланди оинабанд саршор аз зарфҳои гаронбаҳо. Дар пешгаҳ, мақомашон нимдоира, дивани фарох, ду креслои ба вай ҳамранг ва дар мобайни онҳо мизи пастаки хушҷило гузоштаанд, ки дар болояш гулдони калони булўрин аз анвори қандили низ булўрини шифти меҳмонхона гўё ҷон мегирад. Вале гул надорад гулдон; ғариб аст, холист...
Зан дар гирди дастархон тоб хўрда, як курсиро қадре тела дода, акнун ба табақчаи мавиз даст бурдан мехост, ки ба гўшаш садои занги дар нишаст. Шояд аз тарс... вай ҳамон лаҳза ҷуссаашро аз канори миз қафо кашида, чӣ тарзе қаҳролуд буд, бедимоғ зарда мерезад:
– Боз суммоти киро медида бошам? Тавба, нафас рост кардан намемонанд!
Ва ба итоб рафта, азбаски даҳлез нимторик аст, чароғро дармегиронад. Аввал аз чашмакаш ба берун нигариста, пас табақи дарро мекушояд. Инак аз чеҳраи ў, ки бар асари беҳад сафедӣ молидан дар муқоиса ба гардани сабзинааш айни фағфурро мемонд, пардаи табъи хира тамоман рафъ мегардад. Ва дарро аз пушти худ бесадо пўшида, дар китф сумкаи ҷигарранги шинам, ба даҳлез зане қадам мегузорад болобаланд, гунаҳояш батароват, лабонаш хушоб, мўи ба хурмоӣ моили ғафсаш маҳин шоназада, чашмони шўхаш зиндаву зебо... Вай ба табассуми ширин салом дода, аҳвол мепурсад.
Ва зуд қуфлаки сумкаашро кушода, ба писаракон, ки ҳоло дар бари модар алиф барин рост меистоданд, дутаӣ қанди коғазпеч медиҳад. Баъд сари онҳоро сила карда, аз рўяшон нарм-нарм мебўсад.
– Хуш омадӣ, апа! Қариб як ҳафта боз надидамат. Ин чӣ ҳамсоягӣ?.. Ку бигзар, бароҳат шинем. Чои тайёр ҳаст... Кам не, ғам не, як ҳафта мешавад, а! – ба оҳанги таассуф калла меҷунбонад соҳиби хона.

пешина
аз 551
навбатӣ