МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Баъд...
Дар тан камзўли норанҷиву дар китф ҷорўби дароз, фаррошзане пайдо шуда, кўчаро тоза рўфт. Ва аз байни ҳар гуна партобидаи дар гўшае ҷамъкардааш ману нисфи ман – ўро зуд шинохтам! – ва мо барин шоху навда ва чўбу чахсҳои шикастаро дар як халтаи чиркин андохта, ба хонааш бурд.
...Субҳ медамид.
Занаки фаррош аввал хуб дастурўй шуста, сипас дар айвон суфра паҳн кард. Орд бехт, хамир гирифт.
Ва ниҳоят…
Хокистари танўрро кашида, аз ману нисфи ман ва дигар чўбу чахси ҳамроҳ овардааш пешдаргирон сохта, гўгирд зад.
Вақте ки мо дар миёни чўбчаҳои хушк дуд карда месўхтем, модари зебо, бисёр ҷавон ва дар пушти тирезаи писараки шўху падари шикамғафси вай танҳомондаи худро як лаҳза пеши назар оварда, дар дил мегуфтем, – Хайрият... дар болои асфалт гард-гард нашуда, ҳоло барои тафсидани ана ин танўр, заррае бошад ҳам, ҳисса мегузорем.
То ки фаррошзан нон пухта, фарзандонашро сер кунад...
Дар байни забонаҳои оташ печутоб хўрда, боз мегуфтем – чӣ хуш, ки ҳоло дар як дам сўхта, оқибат ба хокистар табдил меёбем.
Ва шояд рўзе,
Баъд аз сад ё ҳазор сол...
Дар сурати гули хандон, сабзаи тар ё ниҳолаки баумеди гелос дубора аз қалби хок сар мекашем!
1985
САРФАИ САРИ ОТАШДОН
Зани ҷавони миёнақад, ки дар тан хилъати сурхи баланд
дорад, мўи қиргунаш ба сари китф парешон, камари андак ғафсаш дар ҳалқаи танги тасма, ба шитоб аз ошхона баргашта,
мехохад боқимонда асбоби рўи мизро ғундорад. Чойники қирмизӣ, чанд пиёла, табақчаи бамавиз, қанддон... Ду писарак,
синну солашон на бештар аз шаш-ҳафт, каме дуртар дар болои қолини баоҳар нишаста, чормағз меғелонанд, хушнуданд, ба тавре бозӣ мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо