МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ситора чойникро пештар гирифта, як пиёла чой мерезад.
– Ширгарм...
– Ташвиш накаш, дилам чизе намехоҳад, – мегўяд Шаҳзода, маънидор табассум карда. – Ана, мавиз чашидам...
Исто, ки ин навъашро аз куҷо ёфтӣ?
– Пур аст бозор. Қоидааш, ман барои қишлоқиҳо алоҳида харид мекунам. Арзон бошад... Ҳозир аз баширааш меорам, аз нағзи нағзаш, – зуд аз ҷой хестан мехоҳад Ситора. – Аслан ҳамин кифоя буд ба онҳо. Гаҳвораашон аз осмон наомадааст.
– Лозим не, наҷунб. Гуфтам-ку: дилам ҳеҷ чиз намекашад. Дар мактаб каме асабӣ шудам. Ҳоло, чӣ тавре худат гоҳо ба забон меорӣ, як разбор карданиам.
– Ба ман?!
– Бале, ба ту.
– Кошкӣ... Аз рўзе ки панҷ сол пеш ҳамсоя шудем, туро ба ҷои апаам медонам, шавҳарат – ба ҷои акаам. Шумо, охир, аз ман калонтаред, батаҷрибаед. Боз ин ки аз тарзу тариқи ҳаёти мо бохабаред. Махсусан худат. Пас кошкӣ...
– Рост, ман аз ту қариб даҳ сол калонам. Барои ҳамин, хешу табори шавҳарат баҳона, бар замми он ки – албатта дар хотир дорӣ – ду-се бор мулоим фаҳмонда будам, боз таъкид карданиам: ба соҳиби сарат, ба фарзандонат, ба ҳама пайвандон... умуман ба хурду калон меҳрубон бош. Аз ту чӣ меравад? – танҳо рўи хушу пиндори нек... Аслан дили одами меҳрубон ҳамеша кушод аст, нарм аст. Чунки реша ба реша аз шодӣ об мехўрад. Аз шодии дўст, хешу табор, ҳамсоя, ҳамнишин... Ниҳоят аз хотири ҷамъи худаш.
– Ман таҳтан ба касе кор надорам. Ташвиши хонаву дарам, тарбияи ана он фарзандонам басу барзиёд.
– Дар зиндагӣ ҳама ташвиш мекашанд. Лекин кордор будан, чӣ гўям... бисёр лозим баъзан. Беҳуда наовардаанд: одам ба одам зинда аст. Як ҷаҳон маънӣ дорад ин гап.
– Эҳа-а-а, аз он ки ба хешу табори Икром зинда бошӣ, зинда набудан беҳтар.
– Яъне? – ҳайрон мешавад Шаҳзода.
– Яънеаш – ҳайвонанд онҳо. Аз кўчаи одамгарӣ нагузаштаанд. Чунон нодидаанд, ки омадан замон дастархон бошад, кифоя – дар як мижа задан холӣ мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо