Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳатто ҳамин мавизи пучакро каф-каф ба думчааш мехўранд... Сару танашон доимо чиркин, чашм гурусна, ришҳо расидагӣ, пойафзор ҷўлида ба хоку лой... То ҳол бўи бадашон аз хона намеравад.
– Росташро гўй, – ширин ва дар айни замон ба оҳанги таассуф механдад Шаҳзода, – чӣ шуд? Кадом пишак гузашт аз байни шумо?
– На пишак гузаштааст, на кучук, – механдад Ситора низ. – Аммо шон намефоранд ба ман. Аз аввалин рўзҳое ки оиладор шудем, аҳвол ҳамин. Мақбул нестанд онҳо... вассалом!
– Барои чӣ?
– Гуфтам-ку, – боз механдад вай.
– Сабабҳое ки овардӣ, чандон поя надоранд. Чунки одамизод пайвандонашро интихоб намекунад. Хешу табор, падару модар, писару духтар... – камбизоатанд ё бадавлат, камақланд ё баақл, чиркинанд ё олуфта, – чӣ хеле ки бошанд, аз хати тақдиранд. Ниҳоят ба ҳар кас худи худо медиҳад онҳоро. Дар ин хусус ягон маротиба фикр кардаӣ?
– Бекор намондаам. Ва албатта не-е... – баиллат мегўяд Ситора.
– Шавҳарат-ку инсони хуб – шабу рўз дар ғами шумо ҷон мекоҳонад. Фарзандонашро дўст медорад, ба ту ҳам меҳрубон. Хонаву дарат обод. То ҷое ки ақида мекунам, аз калон-калон хўрдану нағз-нағз пўшидан низ таъминед. Пас боз чӣ мехоҳӣ?
– Камтар бинам хешу таборашро...
– Хуб, ҳоло рафтанд онҳо?
– Бале, ахир дафъи мўъминон шуданд. Ахир ҷонам як муддат халос хўрд.
– Кай омада буданд?
– Се рўз пеш.
– Икром албатта ҳар рўз то нисфи шаб дар корхонааш?
– Ҳамин тавр... Қишлоқиҳои носерами ўро хуш омадед гуфта, меҳмондорӣ кардан – фақат бори ман. Кошкӣ кам мебуданд! Ба худо, ки аҷириқи тайёр...
– Хайр, ана... ҳоло рафтаанд бечораҳо. Боз ба чӣ сабаб ин қадар асабӣ мешавӣ?
– Аламам мегирад, апа.

пешина
аз 551
навбатӣ