МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Аз он ки шояд дармонда, ба кадом ташвиши худ Душанбе омадаанд. Ва аз ғояти дасттангӣ ба ягон меҳмонсаро нарафта, сар ба хонаи ҷиянашон задаанд... Дуруст мегўям?
– Не, охир! Биёянд, раванд. Лекин... тарошаи хушк барин, ду даст дар бинӣ, аз дари касе даромадан айб нест магар?
– Аввал ин ки онҳо аз дари одами бегона не, аз дари хеши наздик даромадаанд. Сониян, як кас метавонад дастовез дошта бошад, дигар кас наметавонад... Вобаста ба илоҷаш. Худат медонӣ – ҳоло бисёре аз мардумон ба душворӣ рўз мегузаронанд.
– Дар ҳар сурат баъзан фикр мекунам, ки падару модар надорад, дар сағирхона калон шудааст, пас агар тақдирамро ба вай пайвандам, бе дарди сар зиндагӣ мекунам гуфта, оқибат фиреб хўрдам. Ба ягон шаҳрии худамон мерасидам, сад бор беҳтар буд.
– Аҷаб, дар пешат ду писарчаи нозанин, боз ин хел гапҳои бемаъниро ба забои меорӣ... Айб аст.
– Барои чӣ? Одамон ҳатто ба се-чор фарзанд аз ҳам ҷудо мешаванду...
– Барои он ки вақте ҳаёти кас хуш мегузарад, ман инро ношукрӣ медонам.
– Росташро гўям, апа... дўст намедорам.
– Шавҳаратро? – мутаҳайир суол мекунад Шаҳзода.
– Агар не, киро, кадом олимақомро? – андак сурх шуда, қир-қир механдад Ситора.
– Гапи нав-ку! Шояд хешу табори ўро аз ҳамин сабаб бад мебинӣ. Сониян, модоме дўст намедоштӣ, чаро дар вақташ саросема издивоҷ кардӣ?
– Намедонам... Бачаи нағз менамуд.
– Ҳоло чӣ, ганда шудааст?
– Не-е, ҳамон хел ки буд... Мулоим, сараш мудом паст.
– Аммо сари ту мудом баланд, – бори чандум аст, ки сабук механдад Шаҳзода. Ва ин ханда бо вуҷуди садои форамаш як навъ маломати пинҳон дорад.
– Ман муттаҳам нестам...
– Икром чӣ?
– Муттаҳам набошад ҳам, вай бояд хиҷолат мекашид.
Нисфи пули ҳамин хонаро раҳматӣ модарам дода буд. Харҷи дирўза таъмираш низ аз кисаи бародарам, хоҳарам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо