Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ё ҳеҷ раҳмат наомад ба хел-хел моҷарои ҳаёти одамон, ки шояд дар он китобҳо тасвир шудаанд?
– Лўндаи гап – харидор наёфтам, апа.
– О ман ба ту гуфта будам-ку...
– Хаёлам, як зани каппа-калон шуда, китобро дар сарат мезанӣ. Хаёлам, ҳазл мекунӣ, ҳатто мазоҳ мегирӣ.
– Барои ҳамин аз рўзи аввал намондӣ, ки якта-якта кушода бинам?
– Росташро гўям, намедонам барои чӣ...
– Хайр, ба гузашта салавот, – дар лабони хушобаш табассуми малеҳ дамида, аз табақча боз як дона мавиз мегирад Шаҳзода. – Ман акнун равам... Исто, ки утуи маро намедиҳӣ? Чанд куртаи акаатро шуста будам... Дирўз каме ғурғур кард.
– Ку бинам, – мегўяд Ситора ва ба хонаи дигар гузашта, ду-се дақиқа баъд дасти холӣ бармегардад. – Ҳушу ёдам ба ақрабои Икром… куҷо мондаам, ки наёфтам, апа. Ҳоло пасу пешамро дурусттар дида, худам дароварда медиҳам.
– Ин тавр бошад... – лаҳзае хаёлманд лаб мегазад Шаҳзода. – Хуб, ман рафтам.
– Омада ист, охир!
– Метарсам, ки мабодо аз гуфтаҳои ман хафа шавӣ.
– Наход, апа...
Ситора беихтиёр тасмаи хилъаташро дубора кушодаву аз сари нав баста, аз пушти ҳамсояи болобаланд ва зебояш, ки сабук бархоста, ҳамчунон сабук ба даҳлези нимторик мебарояд, лоқайд қадам мемонад. Ва гўё ланҷ шуда бошад, ҳолаташро чандон тағйир надода, чароғи он ҷоро дармегиронад. Шаҳзода боронӣ ва сумкаашро аз чанги кашак чаққон ба даст оварда, мехоҳад равад. Вале худи ҳамон лаҳза писаракони дўстрўи Ситора – акаву додар дар назди вай ҳозир мешаванд. Чашмони маъсумашон аҷаб интизор... Шаҳзода боз қуфлаки сумкаашро мекушояд; ба онҳо боз дутаӣ қанди коғазпеч медиҳад. Ва сарашонро ба меҳр сила мекунад.
– Воқиан... пул дорӣ? – баногоҳ мепурсад Ситора.
Шаҳзода аввал ҳайрон шуда, суоли ў ба чӣ маънист, ҳатто нафаҳмида, пас ҷиддан мегўяд:
– Ҳамин ҳозир? Ба худам?

пешина
аз 551
навбатӣ