МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ҳа-а... – ба хоса истиғно мад мекашад Ситора.
– Доштагистам як-ду сомонӣ, – гўё даступо хўрда, акнун механдад Шаҳзода.
– Ба ман зиёдтар лозим. Зарур шуд... Агар не, ҳаргиз намепурсидам.
– Мақсад – пинҳонӣ аз Икром боз ягон чиз харидан?
– Мабодо шавҳарат... яъне акаам фаҳмад, а! Ҳамҷигар ки ҳастем, чӣ тавре мегўянд... сиррамон пўшида беҳ.
– Ман ҳеҷ сир надорам.
– Аммо ман дорам. Кам-кам... – абрувони зиёда дарозашро боло мекашад Ситора. Ва андомаш якбора ба назар хунук мерасад.
– Лекин ҳай латтапарастӣ! – беозор мегўяд Шаҳзода.
– Майлам ин дафъа латта не, апа. Худои меҳрубон агар хоҳад, ангуштарӣ!
– Боз аз чӣ хелаш? Кадом рўз меболидӣ, ки дорам даҳдувоздаҳта...
– Э инаш беҳамто. Майдаи гиро, чашмакаш каб-кабуд, банури банур. Як шиносам фурўхтанӣ, – дармондааст бечора. Коре кардам, ки оқибат ба ҳафтод сомонӣ розӣ шуд. Арзони хоки сиёҳ... Майда бошад ҳам, тиллои ҷаъфарӣ, а!
– Аҷаб, – гаранг даст ба даруни сумкааш мебарад Шаҳзода. – Ҳар чӣ дорам, ана... се панҷсомонӣ.
– Ниятам билкул соф будааст, апа: айнан ҳамин қадар намерасид.
– Хуб, ҳоло бигир.
– Ягон ҳафта пас бармегардонам. Ҳатман... – мегўяд Ситора, пулро зуд ба кисаи хилъаташ андохта.
– Албатта, соҳиби сарат Икроми заҳматӣ ки ҳаст, дилпурӣ.
– Сабил монад, охир... ноёб метобад он қабил ангуштарӣ!
Аслан хеле пул дорам. Лекин... ҳар бор ба худат мегўям-ку:
ҳамааш саддолларӣ. Ягонтаашро майда кунам, баъд ана...
меравад об барин, гум мешавад дар кафи дастам, несту нобуд мешавад.
– Рост, ҳар боре ки пул лозим бошад, гўё дар омади гап мегуфтӣ – чанд саддолларӣ дораму аз майда кардан сахт метарсам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор