Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ илоҷ, қисмати мо ҳамин. Ҳушу ёдамон мудом ба каму кости оила, ба сарфаву саришта.
– Бечиз нагуфтаанд, ки вобаста ба зан аст баракати ҳар хонадон, – сараш андак хам, қуфлаки сумкаро маҳкам мекунад Шаҳзода.
– Равшании чароғаш ҳам! – сухани ўро аз даҳон гирифта, масрур ба забон меорад Ситора.
– Баъзе одамон маҳз аз сарфаи сари оташдон ба ҷое расидаанд. Ва баръакс – нафс агар бад бошад, балои ғафс бошад, хонаи обод ҳам вайрон мешавад. Дониста мон, а!
– Ман инро медонам.
– Хуб, кўтоҳаш – оташдон дар дасти кист?
– Дар дасти худам! – баланд механдад Ситора.
– Минбаъд баандеша кор бандӣ, Икроми ту ҳам ягон рўз ба молу манол мерасад. Пас табъи дил ҳавлӣ месозед, мошин мехаред... Яъне агар зану шавҳар дониста аз кўи вафо гузаранд, мушкиле нест, ки осон нагардад. Муҳиммаш – садоқат, сабру таҳаммул.
– Чӣ, ман ба вай содиқ нестам?
– Осуда бош, ту содиқӣ, бисёр содиқӣ, – фарох табассум мекунад Шаҳзода. – Аммо як қадар сабукӣ дорӣ, кори дунёро саҳл мегирӣ. Фурсати муносиб даст диҳад, чӣ хеле ки худат гоҳо мегўӣ, ба ту боз… ин карат дурусттар разбор карданиам.
– Кошкӣ!
– Ба шарте аз он чи гуфтам, наранҷида бошӣ.
– Туро ба ҷои апаам медонаму...
– Ташаккур. Ҳоло ман рафтам.
– Боз биё, апаҷон, хонаи худат. Воқиан, утуро кофта ёбам, зуд дароварда медиҳам.
– Кори хуб мешуд, – чеҳрааш ҳамчунон оинаи табассум, нарм мегўяд Шаҳзода ва дарро бесадо кушода, бесадо аз пушти худ мепўшад. – Бале, айни муддао мешуд.
Мисли он ки сараш ногаҳон ба дард омада бошад, Ситора даст ба пешонӣ бурда, дар даҳлези равшан даме ноҷунбон меистад. Баъд чароғро қаҳролуд хомўш карда, ҳар ду писаракаш аз қафо, қариб тозон ба меҳмонхона медарояд.
Чойники қирмизӣ, чанд пиёла, қанддон ва табақчаи бамавизро аз болои миз гирифта, ҳамон тавр дар ситез ба ошхона мебарад.

пешина
аз 551
навбатӣ