Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ТАШНАГӢ

Вай ташна буд.
Аз ин рў боз чанд километр раҳ паймуда, як силсила талу теппаҳои сабзро қафо гузошту ба нахустин шаҳрак расидан замон...
Дар паноҳи дарахте мататсиклро нигоҳ дошт. Ва як нафаси чуқур кашида, чолок аз он фуромад. Сипас кулоҳашро аз сар гирифта, ба пушти даст арақи пешониашро пок карду ба дигар самти кўча гузашта, аз се зинаи сангин боло шуд; дари дутабақаи рангаш эҳтимол аз боду борон паридаро оҳиста кушод.
Ошхона холӣ буд. Фақат дар пушти як миз духтараке нишаста, чой ва кулчаи қандин мехўрд. Ў сар бардошта, ҷавонро ба диққат аз назар гузаронд. Чеҳрааш афрўхта, мўи буридааш қиргун ва...
Кўдаквор маъсум метофт духтарак.
Дар пеши пояш анбоне меистод.
– Об диҳед, – гуфт ҷавон, ба пештахтаи буфет такя оварда.
– Як шиша?
– Бале.
Занаки буфетдор китоби фарсудаеро, ки аз бекорӣ варақ гардонда менишаст, як тараф монд. Ва аз қуттӣ шишаи об гирифту даҳонашро кушод; стакан овард. Аммо вай чандон тоза набуд. Ҷавон рўй турш кард, бо вуҷуди ин ба худ об рехт. Оби зулол, ки андаруни зарф биҷирос мезад.
Баъд онро қулт-қулт нўшид.
Ҷавон ташнагӣ мешикасту духтарак аз вай чашм намеканд. Нигоҳаш кунҷков буд; ҳамчунон моломоли чизе ки маҳз чӣ будани онро фарқ кардан мушкил...
Ҷавон низ ба ў назар давонд. Духтарак бештар сурх шуда, нигоҳашро қадре гурезонд. Чашмони сиёҳи калонаш аҷаб зебо буданд, аҷаб гарму гиро метофтанд.
Ногаҳон ҷавонро хоҳише даст дод, ки дар ин шаҳрак як муддат зиндагӣ кунад. Дилаш гум зада, аз чӣ сабаб ба чунин хаёл рафт, – худ намедонист. Вай аз буфетдор боз як шиша об пурсида, кулоҳи сурхи ялақосиро ба сар монд. Баъд зери лаб табассум карда, онро аз нав ба даст гирифту...
Як қуттӣ сигарета ҳам хост.

пешина
аз 551
навбатӣ