МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ҷавон оринҷашро аз пештахтаи тиреза наканда, акнун сигарета мекашид. Ва сандуқи синааш равшан, аз хусуси духтарак андеша меронд. Кист ў, куҷо меравад? Ҳамроҳ гирадаш, чӣ?.. Розӣ мешуда бошад? Шармин аст яқин, ҳатто сур метобад.
Ҳмм... одам барин баадабона таклиф кунад, не намегуфтагист. Шояд раҳашон як... Пурсад, чӣ? Лекин...
Бегоҳ вай бояд дар Душанбе бошад. Ба рафиқонаш ваъда карда буд, ки ба ҳам вомехўранд; дар қаҳвахонаи «Сиёвуш» нишаста, як-ду соат дами беғам мезананд – мусиқӣ мешунаванд, айёми таҳсили худро дар мактаби кафшергарӣ ба ёд меоранд; кадоме чӣ ҳол дорад, ниҳоят пурсон мешаванд.
Духтарак... мумкин ў ба дигар тараф равад. Хайр... лекин чаро напурсад? Барои ин кораш носазо намешунидагист.
Пурсидан айб нест гуфтаанд. Вале рафиқонаш...
Агар фаҳманд, ки вай ба кадом духтари ношинос овора гардида, ба Душанбе, ба мулоқоти пешакӣ таъин дер кардааст, вақташро бебаҳра гузарондааст, барбод додааст, – аз ханда рўдакан мешаванд.
Ҷавон боз сигарета даргиронд. Вай мекўшид аз ҳузури он духтараки нигоҳаш нарм, дар айни ҳол сўзон, ки мўи қиргуни буридааш андак парешон...
Дар пушти миз танҳо нишаста, гоҳо ба ҷониби ў назар меафканд, дигар фикр накунад.
– Боз борон меборидагӣ барин, – гуфт занаки буфетдор.
Ва китоби фарсударо, ки як тараф монда буд, гашта ба даст гирифт. – Тамоми шаб раъду барқ шуд, борон гўё аз сатил мерехт. То саҳар хобам набурд.
– Ҳа-а... – ба худ ғурунгид ҷавон.
– Шумо аз тундар наметарсед?
– Не-е, – ҳамчунон ғурунгид ў.
– Ман чунон метарсам, ки... – гуфт занаки буфетдор ва табассум карда, дандонҳои тиллоиашро намоиш дод. Тавре менамуд, ки куртаи шоҳии хушранг ба сари синаҳои баланди вай тангӣ мекунад. – Солҳое ки дар як деҳаи кўҳпора зиндагӣ доштем, вақти хурўши раъду барқ... аз ғояти тарс намедонистам худамро ба куҷо занам; қариб дилам мекафид.
Аммо дар ин ҷо...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор