Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– ...Тарсатон камтар, – ба андак табассум давоми сухани ўро аз даҳонаш гирифт ҷавон. – Ҳамин тавр?
– Ёфтед, – хандид зан.
– Албатта... дар шаҳрҳои калон, дар ин шаҳраки шумо ҳам… – дастонашро ба ду тараф кушод ҷавон, – умуман дар ҷойҳои серодам касро барқ намезанад.
– Сабаб чӣ бошад?
– Намедонам.
Тундар наздик омада, гулдуроси он тирезаҳои ошхонаро ларзонд.
– Шумо то мондани борон… беҳтараш дар ҳамин ҷо баҳузур шинед, – гуфт занаки буфетдор, чашмонаш хумор, абрувони қаламкашидаашро тоб дода. – Чанд рўз пеш як одамро дар сари замини пахта барқ зад. Дуртар аз шипанги калхоз... Ман худам надидааму гапаш мўл шуд.
– Аҷаб, – китф барҳам кашид ҷавон.
– Шипанг ҳам месўзад. Вай дар қади раҳ... ҳоло мебинед.
– Аҷаб, – хаёлманд такрор кард ҷавон. – Ин хел ҳодиса бисёр кам рўй медиҳад.
– Воқиан, – гуфт зан ба истиғно ва аз чӣ буд, ки ҳамоно хомўш монд.
– Чӣ воқиан? – нафаҳмид ҷавон.
– Воқианаш ин ки... то куҷо сафар доред?
– Раҳам дур, – хандид ҷавон.
– То Душанбе?
– Бале.
– Агар медонистед, ки ба сайри шумо чӣ қадар ҳасад мебарам! – оҳ кашид зан. – Мани бечора аз саҳар то бегоҳ дар ҳамин ошхонаи бадбў. Ягон ҷо баромада наметавонам.
Дар димоғаш шамими атр, ҷавон ба синаҳои баланд ва дастони сафеди то соид урёни ў нигарист. Пас гўё нохост духтаракро ба хотир оварда, якбора тоб хўрд. Аммо...
Вай дар ошхона набуд.
Рафта буд вай.
– Ҳисоб кунед, – саросема гуфт ҷавон.
– Чиро? – аввал нафаҳмид буфетдор.
– Об, сигарета...
Ҷавон аз киса пул бароварда, болои пештахта партофт ва зуд кулоҳашро ба сар кашид.

пешина
аз 551
навбатӣ