МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Корат чӣ тавр?
– Бад не, ягон сол пас ҳимоя мекунам.
– Бисёр хуб. Орзуят ҷомаи амал мепўшад, ниҳоят орому осуда мешавӣ.
– Боз талху пичинг... Ё ҳасад мебарӣ?
– Аз чӣ ҳасад барам?
– Ба ҳар ҳол дар Маскав хона дорам. Номзади илм шуда, ҳамон ҷо мемонам...
– Ман ҳеҷ гоҳ бахил набудам, дар оянда ҳам ба касе бахилӣ намекунам. Вале... якумаш ин ки ту аввал олим шав, олими нағз шав, баъд гап зан. Сониян, дар Маскав хона дорам мегўӣ...
– Сахт расид?
– Не, сахт нарасидааст. Чунки ба ин ҷо, ба манзили раҳматӣ модарам, ман худам бозпас омада будам. Ва ниҳоят...
вақте ки ба воситаи суд ҷудо мешудем, ту ҳазор илтимосу илтиҷо кардӣ: аз хона даҳан накушо, нафақа ҳам напурс, вазъияти ман бисёр вазнин, ҳамин ки корам ривоҷ гирифт, баъд ихтиёрат... Гапам дуруст?
– Дуруст. Ман ҳоло ҳам аз фикрам нагаштаам. Корам барор ёбад, пулдор шавам, пас ана...
– Пас барои чӣ хонаро иваз кардӣ?
– Аввало ин ки ману ту дар ин хусус ягон маротиба гап назадаем. Сониян, ман гуфта будам – Гуландом духтарам, модом ки Гуландом духтарам, хона ҳам оқибат аз они вай мешавад.
– Дар Маскав?
– Аз ду хонаи ин ҷо як хонаи Маскав беҳтар нест? Ту ҳатто тасаввур карда наметавонӣ, ки дар чунин шаҳр ба сар бурдан чӣ бартариҳо дорад. Маркази илм, маданият...
– Кас агар хоҳад, дар ҳама ҷо илм меомўзад. Ба маданият расидан ҳам аз худи одам вобаста.
– Рост, вале муҳит чӣ? Барои чӣ муҳити созгорро ба инобат намегирӣ?
– Муғамбир ту! Боз механдӣ...
– Хайр, дар ин бора баъдтар гап мезанем. Ҳоло дуруст фаҳмон, ки кай...
– Чӣ кай?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор