Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Модаратро дар назар дорам.
– Ним сол шуд.
– Нағз гўрондед?
– Аҷаб…
– Барои чӣ заҳрханд мекунӣ?
– Вай худаш ғами дафнашро хўрда буд. Боз... ҳама аз вай розӣ буданд. Бале, муҳиммаш ин ки ҳама аз вай розӣ буданд. Ба фарзанди инсон некӣ кунад... мекард, аммо ҳаргиз бадиро раво намедид. Осуда ҷон дод. Бе ҳеҷ талвоса, ором, батаҳаммул...
– Тирезаро пўшам, хунук хўрдӣ...
– Лозим не. Бўи бодиринг меояд.
– Чӣ?!
– Бўи бодиринг мегўям. Бўи борон...
– Ҳоло ҳам ту ҳамон духтари даҳ сол пешина. Қариб дигар нашудаӣ.
– Аммо ту ҳар рўз дигар мешудӣ.
– Чӣ хел?
– Худат нағз медонӣ. Боз ҳайрон монда, гаранг китф барҳам мекашӣ...
– Чӣ илоҷ, зиндагӣ! Одам дар пасту баланди зиндагӣ хоҳнохоҳ дигар мешавад.
– На ин ки зиндагӣ одамро, балки одам бояд зиндагиро дигар кунад.
– Ба гуфтан осон.
– Ту падари маро мешинохтӣ?
– Аҷаб саволе!
– Не-е, ту ўро ҳаргиз намешинохтӣ.
– Ду соли дароз ҳамроҳ зиндагӣ карда...
– Чӣ инсон буданашро намедонистӣ.
– Шояд.
– Шояд не, рост! Лекин вай одамшинос буд. Вай туро бисёр бад медид.
– Наход?
– Тамасхур накун. Ман ба ту ягон бор дар ин хусус гап назадаам. Чунки баъд аз ҷудо шудан ҳам… ба ҳар ҳол раҳматро мехўрдам, кам ё беш... ба ту бовар доштам. Аммо пас аз ин корат...

пешина
аз 551
навбатӣ