Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Кадом корам?
– Рўзе ки шунидам хонаро иваз карда, Маскав рафтаӣ, дилам тамоман аз ту монд. Як даҳан нагуфта, як зарра нафаҳмонда...
– Иваз карда бошам, чӣ зарар дорад? Духтарат калон шуда, эҳтимол хондан равад. Дар Маскав барин шаҳри бузург сарпаноҳи беминнат...
– ...Ман он рўз гашта ба ёд овардам, ки падарам нахустин моҳи хонадории мо дар ҳаққи ту гуфта буд: аз вай одамгарӣ намебарояд! Фақат як маротиба... вале сахт гуфта буд.
– Ҳар кӣ бошам, ман ҳам падар ном дорам. Ёфту тофтам фардо ба Гуландом насиб мекунад, на ба каси дигар.
– Ҳамон фардо кай?
– Аввал ҳимоя кунам...
– Беинсоф ту! Агар инсоф медоштӣ... Се сол боз ба вай ҳатто як куртача нахаридаӣ. Ман аз хонаат ғайр аз сарулибосам хас нагирифта будам.
– Гуфтам-ку: аввал рисолаамро ҳимоя кунам, корам ривоҷ ёбад, пулдор шавам.
– Ту аз ин гапҳои ман гумон набар, ки мо ягон тамаъ дорем. Не, ба мо аз ту ҳеҷ чиз лозим не! Тану ҷонамон сиҳат бошад, кифоя...
– Воқиан, вай дар куҷо?
– Кӣ?
– Гуландом.
– Дар хонаи амакам.
– Барои чӣ?
– Барои он ки ман фардо дар бемористон хоб мекунам.
– Ғам нахўр, ҳамааш дуруст мешавад. Ҳоло илми тиб хеле пеш рафтааст. Дардат ҷиддӣ?
– Гуфтам-ку: намедонам.
– Хайр... Тирезаро пўшам?
– Боз тиреза!
– О хунук мехўрӣ. Рангатро бин…
– Ту ин хонаро дар ёд дорӣ?
– Фаромўш накардаам.
– Ману ту қариб ду сол дар ҳамин ҷо зиндагӣ доштем.
Гуландом дар ҳамин хонаҳо пой баровард.

пешина
аз 551
навбатӣ