Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гоҳо ба суратат нигариста, зиқу зор мегуфт, ки падарам
дар куҷо, кай меояд. Аммо вақтҳои охир намепурсад.
– Дар хонаи амакам гуфтӣ…
– Аз ноилоҷӣ.
– Ту фардо воқиан дар бемористон хоб карданӣ?
– Бале.
– Афсўс, фурсат надорам, ки рафта Гуландомро бинам.
Аз деҳа баргардам, пас ана...
– Ба падарат салом расон. Мўйсафед одами нағз, дилсоф... Бародаратро ҳам пурс.
– Албатта.
– Баъзан онҳоро ба ёд оварда, худ аз худ шарм медорам.
– Ҳоло дар куҷо кор мекунӣ?
– Касбам ҳамон касб – меъморӣ. Вале дар муассисаи дигар, ба хона наздиктар. Барои Гуландом шуда... маҷбур аз
институт рафтам.
– Борон ганда гирифт.
– Нағз, меҳри падарамро ба хотир меорад, навозиши модарамро, айёми кўдакиамро...
– Хунук хўрдӣ?
– Не.
– Ман хунук хўрдам.
– Чой нўш.
– Дер шуд. Вақти хобат расидагист.
– Хобам парид.
– Ман ба як илтимос омадам. Аз худи Маскав...
– Хайр?
– Ба ман пул лозим.
– Пул?!
– Бале, ниҳоят зарур. Вагарна...
– Чанд сўм?
– Чанд сўме ки дода тавонӣ. Ҳазор сўм, ду ҳазор сўм...
– Ин қадар пулро чӣ мекунӣ?
– Мошин мехарам.
– Мошин? Гумон бурдам, ки шояд қарздор шудаӣ, ё рўзат
намегузарад.
– Як ҳамкорам дармонда, арзон фурўхтанӣ; мошини нав,
хушранг, бақувват. Кӣ медонад, ки боз кай ин хел фурсати муносиб даст медиҳад!

пешина
аз 551
навбатӣ