МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ман пули бисёр надорам. Ҳар чӣ аз раҳматӣ модарам мондааст...
– Чӣ қадаре ки бошад... Аз хирс мўе гуфтаанд.
– Ақалан мегуфтӣ, ки аз оҳу!
– Бубахш, дар омади гап... Ягон рўз бахтам тобад, ҳамаашро бармегардонам. Бе каму кост.
– Ғам нахўр, баргардондан ҳатмӣ не. Аммо... фақат ба як шарт медиҳам.
– Хуб, шартатро гўй.
– Ту маро осуда мегузорӣ.
– Яне... чӣ тавр осуда?
– Дигар ба ман рўбарў намешавӣ.
– Чӣ илоҷ... Пас ба воситаи почта мефиристам.
– Гуфтам-ку: зарур не. Ҳисоб кун, ки пули худат. Ҳозир...
ана, ҳаштсад сўм. Буду шудаш ҳамин. Агар боз медоштам, мошинатро ҳам худам харида медодам.
– Ташаккур! Лекин неш заданат...
– Бовар кун, неш назадаам. Аз таҳти дил гуфтам.
– Хайр, раҳмат... Ман акнун равам. Ту хаста шудӣ.
– Ҷои хоб дорӣ?
– Ҳа, як рафиқам дар хонааш интизор. Меоям гуфта будам. Алваъдаву дайн...
– Шартамонро фаромўш намекунӣ?
– Фаромўш кардан душвор. Вале... модом ки хоҳишат ҳамин аст...
– Шояд аввал чой менўшӣ? Ҳавои берун сард.
– Ташаккур, дер шуд.
– Ба падарат ҳатман салом расон.
– Мерасонам… Шарфи ман канӣ? Воқиан, дуруст мегўӣ:
берун хунук... Ташвиш накаш, ана… ёфтам. Дар остини палто будааст... Имрўз ба ҳар ҳол охирин рўзи тирамоҳ.
– Бале, охирин рўзи тирамоҳ! Эҳтимол барф борида, дунёро сафед мекунад.
– Ҳа-а, хосияти барф нағз... Хайр, саломат бош!
– Ҳозир, як дақиқа, ҳозир... Ана инро ҳам бигир. Рафту барои мошин пулат нарасад, лозим мешавад.
– Ин чӣ? Охир...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор