МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Сипас онро дар таки миёнбандаш хаста, даст ба хўрҷини фарсудае бурд, ки дар паҳлуяш меистод. Вай аз паллаи бордон як термоси хурди хитоӣ – наберааш Саидакрам аз хизмати ҳарбӣ ҳадя оварда буд, – пиёлаи низ хурди пахтагул ва бастаеро гирифта, дар пешаш, назди думбураҳо гузошт. Ва он бастаро кушода, аз ду ноне ки кампираш «тўшаи раҳат», – гуфта, ба хўрҷин андохта буд, якеро пора кард. Даҳони термосро ҳам кушода, дар пиёла чой рехт. Ва акнун пиёларо ба лаб бурдан мехост, ки:
– Салом, усто! – гўён касе аз болои сараш овоз дод.
Ним қадам дуртар аз созҳо мўйсафед аввал як ҷуфт мўзаи хиром ва баъд чашм бардошта, соҳиби овозро низ диду дарҳол шинохт. Ин марди қаддароз, ки дар таки бинӣ чени ганбуск мўйлаб монда мегашт, дар ҳамин ҷо аз вай ду-се маротиба коса-табақ харида буд; моли ўро сидқан таъриф мекард.
Умуман… ношукрӣ нашавад, мўйсафед дар бозори Кўлоб баъзе миҷозҳои баинсоф дошт.
– Салом... – Вай пиёларо гашта дар ҷояш гузошт. – Ҳарчи саломатӣ? Кўдакот сиҳатанд?
– Шукр, падар, шукр, – гуфт марди ганбускмўйлаб, дастони ба сўяш дарозшудаи мўйсафедро ба даст гирифта. – Аз худат пурсам? Чанд моҳ боз наменамоӣ... Мабодо бетоб-ку набудӣ?
– Не, додар, бетоб набудам. Лекин... пир шудаам. Худи ҳамин баробари сад бетобӣ.
– Шикоят накун, ту ҳоло чандон пир нестӣ, – гуфт мард ва даме сукут варзида, ба думбураҳои пеши пояш назар давонд. – Инҳо аз худат?
– Ҳо, – гуфт мўйсафед, бидуни ихтиёр нигоҳашро андак гурезонда.
– Ха-айр... Чумча надорӣ?
– Не, додар, қариб як сол мешавад, ки ҳеҷ чиз натарошидаам, – кифоя. Танҳо ҳамин...
– Ба ман чумча даркор. Аммо дар наздат фақат асбоби тараб мебинам. Ту ба хаёлам думбура намесохтӣ-ку?!
– Қиссаи дароз ин, – гуфт муйсафед ва дар лабханд гоҳ ба симои марду гоҳ ба созҳои худ нигариста, илова намуд: – Ягонтааш форида бошад, бигир, арзон медиҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор