Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Марди чилсола дар хиёбони калон ва серодами шаҳртанҳо монд. Ва чун ҳайратзада фурсате ноҷунбон истода, аламнок аз дил гузаронд, ки...
Писараш, писараки ҳар дафъа ғамгинаш, ҳоло асрори аз ҳам ҷудо шудани ў ва модари худро аз куҷо медонад.

1985

ДУМБУРА
Ба ёди Маҳмуд Воҳидов
Мўйсафед дар қариби дарвозаи бозор такя ба девор дода, беҳаракат менишаст. Дастони дароз-дарози серрагупаи ў дар сари зонувонаш ором мегирифтанд. Ангуштонаш низ дароз, сиёҳтоб ва саҳле каҷ буданд, – мисли радаи навниҳолон, ки аз андак фишори бод ҳама баробар ба як тараф хам мехўранд. Пешониаш фарохи пурчин. Нигоҳаш, ки одамони дар рафтуоро – вай бештар ба пои онҳо менигарист – лоҷарам муоина мекард, то андозае бефарқ ва ҳатто маҳзун метофт.
Дар наздаш, дар болои як газ матои осмонранг, се адад думбура ҳайрон мехобид.
Пас аз чанд дақиқа мўйсафед, дар машом бўи ғализи меваҷоти растаҳо, нигоҳашро аз мардуми даргузар ғундошта, ба созҳо кўчонд. Ва муддате ба онҳо зеҳн монда, чун дирўзу парерўз боз хулоса баровард, – дар ҳақиқат асбоби Мирзокарим хушранг, ҷаззоб, мисли инҳо не; меарзад, ки думбура ё дутор гуфта, ба даст гирӣ. Лекин...
Ў вақти азон савори як мошини раҳгузар шуда, соате қабл ба Кўлоб расида буд. Ва ҳоло дар шолчаи ҳамроҳ овардааш нишаста, вазнин ҳис мекард, ки шалпар аст, банду буғумҳои дасту пояш ба дард меоянд. Болои ин хунук мехўрад, ғалмағали бозор ҳам дар гўшаш нофорам мерасад.
Ба умеде ки шояд ҳаво кушода шавад, мўйсафед ба осмони абролуд як назар афканду «меборидагӣ барин», – гуфт зери лаб ва аз бағалаш рўймоли сафеди каме ғиҷимро сабук берун кашида, номаълум бинӣ афшонд; бурут ва гирди даҳонашро пок кард.

пешина
аз 551
навбатӣ