МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Зардина инро гуфтан баробар ҷавонмард, ки то ҳол ба сукут рафта, ноҷунбон меистод, дар як ҳаракати тез тўрхалтаашро ба дасти Ҷингиламўй қапонда, рў ба мўйсафед овард.
– Ман барои харидан пул надорам. Лекин... агар иҷозат диҳед, ягон чиз менавозам.
Мўйсафед дар ризоият сар ҷунбонд.
Ва ҷавонмард яке аз думбураҳоро гирифта, ба Зардина чашм давонд.
– Ку бинем, айб дар соз аст, ё дар худи ту...
Зардина гўшашро ба карӣ зад.
Ҷингиламўй, дар чеҳрааш ифодаҳои кунҷковии тамасхуромез падид омада, магнитафонро хомўш кард.
Мўйсафед дар тамоми ҳайаташ ба як аломати суол табдил ёфта буд. Вай гўё дар таҳайюр аз худ мепурсид: инаш чӣ менавохта бошад?
Ҷавонмард дар бадали ду-се дақиқа думбураро ба ҷўр оварду чашмонаш нур гирифта, ба навохтани оҳанге шурўъ намуд, ки аз зери ангуштони борики ў сабук, форам ва чун рўдҳо дар баҳорон пурхурўш мерехт. Оҳиста-оҳиста ба рагу паяш гармӣ давида ва мафтуни ҷавонмард шуда, муйсафед дар дил мегуфт: аҷаб нағмаи шўх, аммо... ҳам шиносу ҳам не, ҳам ба мисли дунё куҳану ҳам нав.
Кадом оҳанг аст вай, аз куҷост?
Овози думбура дам ба дам муассир мегардид ва мўйсафедро аз ин бозори сермағал ба рўи болҳои худ гирифта, то даштҳои сабзу лолазорон мебурд; ба он ёнаву ёлаҳое мебурд, ки рўзи дароз ҷуфт ронда, аз бўи замини бедор сер намешуд.
Ба фарози кўҳҳои баланд низ мебурд ва дар он ҷо аз абрҳои пахтавор сафеди мулоим барои вай болин сохта, суруди гарми муҳаббат мехонд...
Мўйсафед дид, ки дар назди ҷавонмард панҷ-шаш нафари дигар ҷамъ омадаанду аз навои сурурангези думбура ҳаловат бурда, ба завқ калла меҷунбонанд. Зардина ва Ҷингиламўй ҳам, чеҳраҳо кушода, ба чанги серҳаракати ҷавонмард, ки мўи дарозашро боди сард парешон мекард, дар шавқи зиёда чашм дўхтаанд. Ва боз... аҷаб, ки қурси офтоб – гўё маҳз ба ҳурмати инсони думбуранавоз – аз кодоки абре мулоим ба саҳни бозор менигарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор