МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
«Дасташ дард набинад, мисли Саидакрам менавохтааст, худи набераам...»
Ў дар ҳаяҷон бархост.
Пас аз фурсате ҷавонмард нағмаи оғознамудаашро ба анҷом расонда, думбураро нарм дар ҷояш гузошту ба қиёфаи мўйсафед, ки лабонаш моили табассум буданд, дар эҳтиром назар андохт.
– Ташаккур, падар.
– Умрат дароз шавад, додар!
Мўйсафед ба вай асбоби дуюмро дароз кард. Ҷавонмард ҳам чизе нагуфта, онро ба даст гирифт.
...Нолаи думбура мавҷзанон ба чор тараф паҳн шуда, бисёр касонро аз раҳ бозмедошт ва ҳатто дар растаҳои наздик қисме аз одамонро, ки ҳар гуна мева ё сабзавот мефурўхтанд, гўё афсун намуда, як-як, ду-ду ба сўи худ мекашид.
«Не-е, ин ҷавонмард аз Саидакрами ман боло», – мегуфт дар дил мўйсафед, ба оҳанги вазнине ки аз торҳои соз парвозӣ мешуд, мусаххар гўш дода.
Офтоб боз дар пушти абрҳои тира монда буд. Шамол сахттар вазида, бўи барфро меовард. Анбўҳи мардум дар гирди ҷавонмард, ки ҳамчунон менавохт, торафт афзун мегардид; гоҳ-гоҳе нидои таҳсину офарин шунида мешуд.
Мўйсафед аз болои сари одамон ба канори осмони абрнок чашм медўхт. Вале дар он ҷо ба назараш осмон не, балки як биёбони беҳадду ҳудуди тафсон метофт, ки пур аз реги равон буд. Дар он паҳнои бераҳм ҷавони ғарибе, ҳушу ёдаш ба хони ватан, афтону хезон масофа мепаймуд. Танҳо... пояш бараҳна, бемадор, жўлидамўй. Вай хуб медонад, ки ба дидори ёру диёр намерасад. Бо вуҷуди ин аз дарди ғарибӣ нолаҳо карда, дар банди азоб қадам мезанад...
Садои думбура фурў нишаст.
Мўйсафед акнун ба ҷои биёбон издиҳоми мардумро медид, ки дар ҷунбиш омада, мегуфт:
– Бар падарат раҳмат!
– Ҳунарманд будаӣ...
– Кам нашав, писар!
– Аз дилу ҷигар мегирифтаӣ...
– Кошкӣ боз ягон чиз менавохт!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор